Мишустин: ИИАО ба яке аз марказҳои ҷаҳони нави бисёрқутбӣ табдил меёбад

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ Михаил Мишустин
Премьер-министр РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Обуна шудан
Сарвазири Русия гуфт, озодии ҳаракати мол, хадамот, сармоя ва қувваи корӣ бояд таҳким ёбаду дар ниҳоят сифати зиндагии шаҳрвандон боло равад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалан собит кард, ки ба яке аз марказҳои ҷаҳони нави бисёрқутбӣ табдил меёбад.
Ин нуктаро сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар ҳайати маҳдуд баён дошт.

"Иттиҳодия дар воқеъ аҳамият ва устувории худро ба чолишҳои беруна ва мушкилоти глобалӣ собит кард", - гуфт раиси ҳукумати Русия.

Ба таъкиди Мишустин, дар давоми мавҷудияти иттиҳодия савдои байниҳамдигарии панҷ мамлакат қариб ду баробар, маҳсулоти саноатӣ 20% афзуд. Ҳамчунин нишондодҳои хуб дар дигар соҳаҳо, аз қабили сохтмон, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, муомилоти бор бо тамоми намудҳои нақлиёт, сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ низ дида мешавад.
Женщина, делающая покупки в супермаркете Tesco в Манчестере, Англия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2023
ИИАО тавони таъмини худ бо ғизоро дорад
Вай қайд кард, ки барои кишварҳои ИИАО муҳим аст, ки дар якҷоягӣ ҳалли мушкилоти рушди устувори иқтисодиёти миллиро сарфи назар аз муҳити номусоиди беруна идома диҳанд ва озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоягузорӣ ва қувваи корӣ таъмин кунанд.
"Дар ниҳоят, сифати зиндагии шаҳрвандонро бояд боло бардошт", - таъкид кард сарвазири Русия.
Лентаи хабарҳо
0