Заминларзаи навбатӣ дар ВМКБ: марказаш куҷост?

© Sputnik / Игорь Носов / Гузариш ба медиабонкСейсмограф, архивное фото
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Обуна шудан
Ҷунбиши замин дар наздикии маркази маъмурии вилоят сабт гардидааст. КҲФ Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафот хабар надодааст
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминларза рух дод.
Дар ин бора олимони Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин (EMSC) хабар доданд.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти марказ, шиддати ларзиши зеризаминӣ 4,3 баллро ташкил додааст.
Заминларза дар наздикии шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шудааст - маркази зилзила дар 32 километрии маркази маъмурии ВМКБ буд.
Кумак ба мардуми Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумак мефиристад
Заминларза соати 00:35 ба вақти Душанбе рух додааст. Манбаи заминларза дар умқи 134 километр будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ то ҳол дар бораи талафот ва хисороти моддӣ изҳори назар накардааст.
Аксаран чунин ҳолатҳои изтирорӣ дар Тоҷикистон дар Бадахшони Кӯҳӣ рух медиҳанд - ҳамагӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ин минтақа беш аз 20 ҳодисаи табиъӣ сабт шудааст.
Дар натиҷа дар вилоят 18 нафар кушта ва ба маблағи беш аз 19 миллион сомонӣ хисорот ворид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0