Тӯфони "Отис" дар Мексика ҷони 43 нафарро гирифту шаҳрро харобазор кард

Обуна шудан
Тӯфони мудҳиш шаҳраки истироҳатии Акапулкои Мексикаро зерӯрурӯ кард. Сокинону меҳмонони минтақа мегӯянд чунин ҳодисаро ёд надоранд
Бар асари тӯфони мудҳиш дар аёлати Геррерои Мексика дасти кам 43 нафар ба ҳалокат расиданд, ки аз ин 33 мард ва 10 зан мебошад.
Дар ин бора губернатори иёлат Эвелин Салгадо Пинеда хабар дода гуфтааст, ки ҳамзамон 36 тани дигар дар кофтукованд.
Ба тӯфоне, ки рӯзи чаҳоршанбе ба соҳили Мексика расид, категорияи панҷ (максималӣ) дода шуд.
Пинеда афзуд, ки мақомоти Мексика тавонистаанд 340 нафарро наҷот ва 200 сайёҳро аз Акапулко ба Мехико интиқол диҳанд.
Хонаҳо зери об ва истифодаи қаиқ ба ҷои мошин: обхезӣ дар Филиппин – видео
Барои ёрӣ ба зарардидагон қариб 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ фиристода шуданд.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар минтақа 220 ҳазору 35 хона ва 80% меҳмонхонаҳо осеб дидаанд.
Бар асари афтидани дарахтон ва лағзиши замин баъзе роҳҳо баста шуданд. Фурудгоҳи байналмилалии Акапулко низ осеб дидааст, аммо фаъолияташ барқарор шудааст.
Тӯфон беш аз ним миллион хона ва корхонаро дар саросари иёлот бе барқ ​​монд.
"Отис" сахттарин тӯфон дар иёлати Герреро буд.
Лентаи хабарҳо
0