Бо “Найрангҳои Майсара”: Театри Хуҷанд дарро ба рӯи тамошобинон боз мекунад

© Sputnik / Стас ЭтвешХуджандский музыкально-драматический театр им. Камола Худжанди, бывший им. А.С. Пушкина, архивное фото
Худжандский музыкально-драматический театр им. Камола Худжанди, бывший им. А.С. Пушкина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар Театри мазҳакавӣ- мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд намоишномаи "Найрангҳои Майсара"- ро таҳия ва пешкаши тамошобинон мегардонад
ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Дар Театри мазҳакавӣ- мусиқавии на номи Камоли Хуҷандӣ намоишномаи нав таҳия гардидааст.
“Найрангҳои Майсара” номи намоишномаи ҷадид буда, қарор аст нахуст намоши он рӯзи 24 октябр сурат гирад.
Сӯҳроб Шехов, саркоргардони Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ мавсими нави театриро бо намоишномаи нав оғоз карданиянд.
Бино ба гуфти ӯ, тирамоҳи имсол мавсими 90-уми ҳунарнамоии театрӣ маҳсуб мешавад ва ба ин муносибат “Найрангҳои Майсара” манзури тамошобинон гардонида мешавад.
“Баъд аз итмоми муҳлати мураххасӣ ҳунармандони театр ба таҳияи ин асари нав машғул шуда ба пуррагӣ аз иҷрои таҳсияи ин намоишнома баромаданд” – таъкид кард, Шейхов.
Саркоргардон афзуд, “Найрангҳои Майсара” аз рӯи асари нависанда Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, ки дар соли 1942 навишта шудааст, таҳсия гардида он таъқиб ва поймолшавии ҳуқуқи занонро инъикос мекунад.
Дар ин намоишнома Майсара бо “найрангҳо” -и худ ба ҳамаи онҳое, ки ҳуқуқи занонро поймол мекунанд посухи обдор медиҳад.
Труппа Театра им. Камола Худжанди в Иране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
"Табиби паррон"-и Тоҷикистон дар Эрон ҷоиза гирифт
Дар театри ба номи Камоли Хуҷандӣ азм доранд то поёни соли ҷорӣ инчунин се намоишномаи нав аз ҷумла “Дили Модар” ва “Заргуши ҷасур” -ро ба саҳна гузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл ҳунармандони театри мазкур намоишномаи “Табиби паррон”-ро ба кишвари Эрон бурданд ва дар ҷашнвораи байналмиллалии “Театрҳои миллӣ” дар шаҳри Гургон бо ҷоиза сарфароз гардонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0