https://sputnik.tj/20231030/shahrvandoni-kishvar-bonkho-rusiya-hisob-tojikiston-1060229005.html
Шаҳрвандони 25 кишвар метавонанд дар бонкҳои Русия ҳисоб боз кунанд. Тоҷикистон ҳаст?
Шаҳрвандони 25 кишвар метавонанд дар бонкҳои Русия ҳисоб боз кунанд. Тоҷикистон ҳаст?
Шаҳрвандони хориҷӣ аз як қатор кишварҳо бояд пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия ба ташкилоти қарзии кишвари худ як бастаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд
2023-10-30T20:15+0500
2023-10-30T20:15+0500
2023-10-31T12:49+0500
бонк
иқтисод
дар русия
суратҳисоб
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102140/41/1021404143_0:189:3081:1922_1920x0_80_0_0_584c396ca8beb181aca20ea1e115a859.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар бонкҳои Русия суратҳисоб ва пасандоз боз кунанд. Фармони дахлдорро нахуствазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст. Ҳуҷҷат номгӯи кишварҳоеро муайян мекунад, ки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бо тартиби соддашуда суратҳисобҳо ва пасандозҳо кушоянд. Тибқи ин фармон 25 кишвар, аз ҷумла Белорус, Қазоқистон, Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Арабистони Саудӣ ва Туркия ба рӯйхат шомил шудаанд. Тибқи изҳороти нахуствазири Русия, шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишварҳо пеш аз вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия бояд бастаи ҳуҷҷатҳоро ба муассисаи қарзии кишвари худ пешниҳод кунанд. Пас аз ворид шудан ба Русия онҳо метавонанд пардохтҳо кунанд ва дар бонкҳои Русия ҳисоб боз кунанд. Ин тасмим ба манзури осон кардани тиҷорат дар бозори Русия барои шаҳрвандон ва созмонҳои кишварҳои дӯст гирифта шудааст, ки ба рушди равобити иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бонкҳо ва брокерҳои Тоҷикистон метавонанд дар муомилоти арзӣ дар Русия ширкат кунанд. Ин рӯйхат беш аз 30 кишварро дар бар мегирад. Ин тасмим ба баланд бардоштани самаранокии механизми табдили мустақими пули миллии кишварҳои дӯсту бетараф нигаронида шудааст.
https://sputnik.tj/20231006/bonkho-osiyoi-markazi-nizom-dastrasi-intiqoli-pul-1059833196.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102140/41/1021404143_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c58072cbbf0515e6c840989a07b9a3b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
бонк, иқтисод, дар русия, суратҳисоб
бонк, иқтисод, дар русия, суратҳисоб
Шаҳрвандони 25 кишвар метавонанд дар бонкҳои Русия ҳисоб боз кунанд. Тоҷикистон ҳаст?
20:15 30.10.2023 (Навсозишуда: 12:49 31.10.2023) Шаҳрвандони хориҷӣ аз як қатор кишварҳо бояд пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия ба ташкилоти қарзии кишвари худ як бастаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар бонкҳои Русия суратҳисоб ва пасандоз боз кунанд.
Фармони дахлдорро нахуствазири Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
Ҳуҷҷат номгӯи кишварҳоеро муайян мекунад, ки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бо тартиби соддашуда суратҳисобҳо ва пасандозҳо кушоянд.
Тибқи ин фармон 25 кишвар, аз ҷумла Белорус, Қазоқистон, Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Арабистони Саудӣ ва Туркия ба рӯйхат шомил шудаанд.
Тибқи изҳороти нахуствазири Русия, шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишварҳо пеш аз вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия бояд бастаи ҳуҷҷатҳоро ба муассисаи қарзии кишвари худ пешниҳод кунанд.
Пас аз ворид шудан ба Русия онҳо метавонанд пардохтҳо кунанд ва дар бонкҳои Русия ҳисоб боз кунанд.
Ин тасмим ба манзури осон кардани тиҷорат дар бозори Русия барои шаҳрвандон ва созмонҳои кишварҳои дӯст гирифта шудааст, ки ба рушди равобити иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бонкҳо ва брокерҳои Тоҷикистон метавонанд дар муомилоти арзӣ дар Русия ширкат кунанд.
Ин рӯйхат беш аз 30 кишварро дар бар мегирад. Ин тасмим ба баланд бардоштани самаранокии механизми табдили мустақими пули миллии кишварҳои дӯсту бетараф нигаронида шудааст.