https://sputnik.tj/20231029/jasad-konkan-qazoqiston-paydo-1060210560.html
Ҷасади 42 конкан дар Қазоқистон пайдо шуд: 4 тани дигар бенишонанд
Ҷасади 42 конкан дар Қазоқистон пайдо шуд: 4 тани дигар бенишонанд
Корҳои ҷустуҷӯӣ дар ду мавзеъ дар фосилаи 2 км аз ҳамдигар бо ҷалби 55 наҷотбахш ва 15 адад техника то ҳол идома доранд
2023-10-29T16:28+0500
2023-10-29T16:28+0500
2023-10-30T18:38+0500
қазоқистон
осиёи марказӣ
кон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0f/1052155938_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_5bf92c974fa04cfa675cc9fe3dbb2039.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ҷасади 4 конкани дигарро наҷотбахшон аз зери замин пайдо ва боло бароварданд, хабар медиҳад Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар.Ҳамин тариқ шумораи қурбониёне, ки дарёфт гардиданд ба 42 нафар расид.Барои пайдо намудани конканҳо дар маҷмӯъ 55 наҷотбахш ва 15 адад техника ҷалб карда шудааст. Ҷустуҷӯ дар ду мавзеъ дар фосилаи 4 километр аз ҳамдигар идома дорад, мегӯяд манбаъ.Маврид ба зикр аст, ки аз макони сар задани садама кишвардори Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев дидан карда, рӯзи 29 октябрро дар саросари кишвар мотами миллӣ эълон кард.Дар робита ба ин ҳодисаи нохуш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқи худ номаи ҳамдардӣ ирсол кард. Ӯ гуфт, "мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем".Роҳбари давлат аз номи худ ва кулли мардуми Тоҷикистон ба пайвандони фавтидагон таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон шифои комилу оҷил хост.
https://sputnik.tj/20231029/shumora-qurboniyon-sadama-koniqazoqiston-afzoish-1060208936.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0f/1052155938_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_738554981790c36d98f5f0498b69c2d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
қазоқистон садама кон
Ҷасади 42 конкан дар Қазоқистон пайдо шуд: 4 тани дигар бенишонанд
16:28 29.10.2023 (Навсозишуда: 18:38 30.10.2023) Корҳои ҷустуҷӯӣ дар ду мавзеъ дар фосилаи 2 км аз ҳамдигар бо ҷалби 55 наҷотбахш ва 15 адад техника то ҳол идома доранд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ҷасади 4 конкани дигарро наҷотбахшон аз зери замин пайдо ва боло бароварданд, хабар медиҳад Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар.
Ҳамин тариқ шумораи қурбониёне, ки дарёфт гардиданд ба 42 нафар расид.
"То соати 15:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар кони Костенко ҷасади 42 нафар пайдо шуд", - омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.
Барои пайдо намудани конканҳо дар маҷмӯъ 55 наҷотбахш ва 15 адад техника ҷалб карда шудааст. Ҷустуҷӯ дар ду мавзеъ дар фосилаи 4 километр аз ҳамдигар идома дорад, мегӯяд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки аз макони сар задани садама кишвардори Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев дидан карда, рӯзи 29 октябрро дар саросари кишвар мотами миллӣ эълон кард.
Дар робита ба ин ҳодисаи нохуш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқи худ номаи ҳамдардӣ ирсол кард. Ӯ гуфт, "мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем".
Роҳбари давлат аз номи худ ва кулли мардуми Тоҷикистон ба пайвандони фавтидагон таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон шифои комилу оҷил хост.