Аз буҷаи ИИАО барои лоиҳаҳои ҳамкорӣ маблағ ҷудо мешавад

Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2023
Обуна шудан
Бори аввал дар 10 соли мавҷудияти ИА маблағҳои буҷети иттифоқӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак истифода мешаванд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) дар назар аст, ки ҳамасола барои дастгирии молиявии лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо дар бахши саноат ҳудуди 20 млн доллар ҷудо гардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисоди Беларус хабар додааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИИАО санадеро имзо карданд, ки тартиби интихоб ва дастгирии молиявии лоиҳаҳои муштаракро дар саноат муайян мекунад.
Ин як қадами муҳим аст, зеро бори аввал дар 10 соли мавҷудияти ИИАО маблағҳои буҷети иттиҳод барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак истифода хоҳанд шуд.
Премьер-министр РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Мишустин: ИИАО ба яке аз марказҳои ҷаҳони нави бисёрқутбӣ табдил меёбад
Дастгирии молиявӣ дар шакли фоизҳои субсидияшуда аз рӯи қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои молиявии миллӣ ва байналмилалӣ додашуда расонида мешавад.
Ҳамзамон, буҷаи ИИАО қисми зиёди фоизҳо, аз ҷумла 100% меъёри бозтамвили бонки миллии (марказии) кишварҳои узви ИИАО- ро ҷуброн мекунад.
Ин механизм дастгирии назаррас барои лоиҳаҳо мебошад. Қарор аст, ки низоми нав аз аввали соли 2024 пас аз тасвиби лоиҳаҳои қонунҳои дахлдор дар ҳамаи кишварҳои узви ИИАО оғоз шавад.
Лентаи хабарҳо
0