Нахустин ҷоизаи "Илм - фурӯғи маърифат" -ро омӯзгор аз Хатлон гирифт

© SputnikЗрители на концерте Дениса Мацуева в Душанбе
Зрители на концерте Дениса Мацуева в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2023
Обуна шудан
Ҷоизадори озмуни "Илм - фурӯғи маърифат" дар баробари омӯзгор будан, ҳамзамон табиб буда, дар Беморхонаи ноҳияи Данғара ба ҳайси ҷарроҳ кор мекунад
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар Душанбе оммуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" ҷамъбаст гардид. Дар се соли баргузории ин озмун, имсол бори нахуст шоҳҷоиза соҳибашро ёфт.
Ғолиби ин озмун ва соҳиби Шоҳҷоизаи "Илм - фурӯғи маърифат, Ҷаҳонгир Дадаҷонов шуд, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, мавсуф омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон буда, ҳамчунин ҷарроҳи Беморхонаи ноҳияи Данғара мебошад.
Манбаъ меафзояд, ӯ дар ин озмун дар номинатсияи "Ихтироъкорӣ ва навоварӣ" ғолиб омад.
Маврид ба зикр аст, ки маросими ҷоизасупорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар маросими тантанавӣ муовини сарвазир Матлубахон Сатториён, президенти Академияи улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазору идораҳои ҷумҳурӣ, волидайн ва наздикони ғолибон иштирок намуданд.
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2023
Масрафи наздик ба 3 млн. сомонӣ барои озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар Душанбе
Бояд гуфт, дар се соли баргузории озмун ин якум Шоҳҷоза мебошад, ки ба соҳибаш расид. Давоми ду соли баргузории ин озмун ягон нафар соҳиби Шоҳҷоиза нагардида буд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 феврал Амри Президенти раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" дар соли 2023 ба тасвиб расид.
Мақсад аз баргузории ин озмун рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.
Лентаи хабарҳо
0