https://sputnik.tj/20230309/masrafi-ozmun-ilm-furugh-marifat-dushanbe-1055400277.html
Масрафи наздик ба 3 млн. сомонӣ барои озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар Душанбе
Масрафи наздик ба 3 млн. сомонӣ барои озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанде барои баргузории озмуни Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар пойтахт наздик ба 3 млн. сомонӣ ҷудо кардааст
2023-03-09T17:50+0500
2023-03-09T17:50+0500
2023-03-09T17:50+0500
дар тоҷикистон
душанбе
озмун
масраф
рустами эмомалӣ
шаҳрдор
шаҳрдории душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033017994_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_aeb08253c4858aa43ee9c5b46efff9fa.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" дар пойтахт 2 млн. 875 ҳаз. сомонӣ ҷудо гардид, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.Тибқи қарори мазкур, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни "Илм – фурӯғи маърифат" дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 феврал Амри Президенти раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" дар соли 2023 ба тасвиб расид.Мақсад аз баргузории ин озмун рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.Бояд гуфт, ки чанде пеш раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дод.Ҷоизаи мазкур барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дода шудааст.
https://sputnik.tj/20230227/tasisi-joiza-navi-raisi-shahri-dushanbe-baroi-javonon-1055195104.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033017994_83:0:903:615_1920x0_80_0_0_0cd184130a97ae1129a2c2a9aacc545e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, озмун, илм – фурӯғи маърифат, рустам эмомалӣ, шаҳрдор, раиси шаҳри душанбе
тоҷикистон, душанбе, озмун, илм – фурӯғи маърифат, рустам эмомалӣ, шаҳрдор, раиси шаҳри душанбе
Масрафи наздик ба 3 млн. сомонӣ барои озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар Душанбе
Шаҳрдории Душанде барои баргузории озмуни Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар пойтахт наздик ба 3 млн. сомонӣ ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" дар пойтахт 2 млн. 875 ҳаз. сомонӣ ҷудо гардид, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тибқи қарори мазкур, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни "Илм – фурӯғи маърифат" дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 феврал Амри Президенти раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" дар соли 2023 ба тасвиб расид.
Мақсад аз баргузории ин озмун рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.
Бояд гуфт, ки чанде пеш раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дод.
Ҷоизаи мазкур барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дода шудааст.