Тоҷикистон кумак ба мардуми Афғонистонро идома медиҳад

© Sputnik / StringerПоследствия землетрясения в Герате, Афганистан
Последствия землетрясения в Герате, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Обуна шудан
Муовини раиси ВУХ Тоҷикистон ҳамчунин ба фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи террористӣ, ки омодагии хуб доранд ва аз лиҳози фаннӣ муҷаҳҳаз шудаанд, таваҷҷӯҳ кард.
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар замони авҷ гирифтани бӯҳрони башардӯстона дар Афғонистон Тоҷикистон ба мардуми кишвари ҳамсоя кумак мерасонад.
Дар ин бора муовини сардори Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Содиқ Имомӣ дар ҷаласаи сатҳи баланди оид ба амнияти Авруосиё, ки дар Минс баргузор шуд изҳор дошт.
"Вазъи Афғонистон махсусан моро нигарон кардааст. Дар ин кишвари ҳамсоя бӯҳрони башардӯстона рӯз аз рӯз бадтар мешавад", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи дипломат, Тоҷикистон ба дарду ранҷи бародарони афғон шарик аст.
"Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки мақсаднок ба мардуми кишвари ҳамсоя иқтидори инфрасохтори марзӣ ва логистикиро идома медиҳад", - таъкид намуд Имомӣ.
Ӯ илова намуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи террористӣ, ки омодагии хуб доранд ва бо техника муҷаҳҳаз мебошад, низ аз мадди назари Тоҷикистон дур нест.
Кумак ба мардуми Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумак мефиристад
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, соли 2022 мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ҳудуди 5 тон маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли соли қабл 22% бештар аст.
Қаблан Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар Афғонистон кӯмак фиристода буд. Ҳудуди 3300 тон бор дар 13ғ мошини боркаш ба Афғонистон сафарбар шуд. Кумакҳо асосан аз маводи сохтмонӣ, ғизо, хаймаву кӯрпа ва дигар маводҳои лозимӣ иборат буданд.
Лентаи хабарҳо
0