https://sputnik.tj/20231027/shohrohho-kuhi-tojikiston-saddho-muhofizati-mesozand-1060179865.html
Дар шоҳроҳҳои кӯҳии Тоҷикистон саддҳои муҳофизатӣ месозанд
Дар шоҳроҳҳои кӯҳии Тоҷикистон саддҳои муҳофизатӣ месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон нақша дорад, ки ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бехатартар шавад ва давлати Қувайт дар тарҳрезии иншооти муҳофизатӣ кумак хоҳад кард
2023-10-27T11:03+0500
2023-10-27T11:03+0500
2023-10-27T13:04+0500
дар тоҷикистон
қатар
роҳ
нақлиёт
бехатарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102723/19/1027231991_0:291:2793:1862_1920x0_80_0_0_a86df354a2a6149040ee6c3cb2adbed4.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар баъзе қитъаҳои роҳҳое, ки шароити душвори кӯҳӣ доранд, деворҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд. Дар ин замина дар чаҳорчӯби марҳилаи чаҳоруми лоиҳаи "Беҳтар кардани коммуникатсияи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" бо Қувайт созишнома баста шуд. Тибқи он, оид ба лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии монеаҳои муҳофизатӣ дар роҳҳои автомобилгард хадамоти машваратӣ расонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти кишвар. Ширкати қувайтӣ дар шоҳроҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта санҷиш гузаронида, нуқтаҳоеро аниқ мекунад, ки дар он ҷо бехатарии роҳро мувофиқи талаботи стандарт беҳтар кардан лозим аст. Дар қитъаҳои муайяни роҳҳо гузоштани панҷараҳои муҳофизатӣ - системаҳое, ки мошинро дар хатти ҳаракати худ дар қитъаҳои муаян нигоҳ медоранд, ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи лоиҳа омӯзиши роҳҳои автомобилгард дар масири Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб – Хоруғ – гузаргоҳи Кулма (минтақаҳои махсусан хатарноки кӯҳии Ваҳдат – Данғара, Ш. Шоҳин – Шкев) гузаронида шуд. Инчунин дар шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон (минтақаҳои афзалиятноки Обигарм, Нуробод, ки дар он ҷо беҳтар намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20231020/masir-dushanbe-khujand-zimiston-omoda-1060056288.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102723/19/1027231991_31:0:2514:1862_1920x0_80_0_0_2e7e7762e8ba9911b8fac9c7ad38124e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шоҳроҳҳо кӯҳӣ тоҷикистон садд муҳофизат
шоҳроҳҳо кӯҳӣ тоҷикистон садд муҳофизат
Дар шоҳроҳҳои кӯҳии Тоҷикистон саддҳои муҳофизатӣ месозанд
11:03 27.10.2023 (Навсозишуда: 13:04 27.10.2023) Тоҷикистон нақша дорад, ки ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бехатар шавад ва давлати Қувайт дар тарҳрезии иншооти муҳофизатӣ кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар баъзе қитъаҳои роҳҳое, ки шароити душвори кӯҳӣ доранд, деворҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд.
Дар ин замина дар чаҳорчӯби марҳилаи чаҳоруми лоиҳаи "Беҳтар кардани коммуникатсияи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" бо Қувайт созишнома баста шуд.
Тибқи он, оид ба лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии монеаҳои муҳофизатӣ дар роҳҳои автомобилгард хадамоти машваратӣ расонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти кишвар.
Ширкати қувайтӣ дар шоҳроҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта санҷиш гузаронида, нуқтаҳоеро аниқ мекунад, ки дар он ҷо бехатарии роҳро мувофиқи талаботи стандарт беҳтар кардан лозим аст.
Дар қитъаҳои муайяни роҳҳо гузоштани панҷараҳои муҳофизатӣ - системаҳое, ки мошинро дар хатти ҳаракати худ дар қитъаҳои муаян нигоҳ медоранд, ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи лоиҳа омӯзиши роҳҳои автомобилгард дар масири Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб – Хоруғ – гузаргоҳи Кулма (минтақаҳои махсусан хатарноки кӯҳии Ваҳдат – Данғара, Ш. Шоҳин – Шкев) гузаронида шуд.
Инчунин дар шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон (минтақаҳои афзалиятноки Обигарм, Нуробод, ки дар он ҷо беҳтар намудани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудааст.