Масири Душанбе - Хуҷанд ба зимистон омода аст: IRS мегӯяд, таъмирро барзиёд иҷро кард

© Фото : Официальная страница компании Innovative Road Solutions в соцсетяхIRS ремонтирует дороги к зиме
IRS ремонтирует дороги к зиме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2023
Обуна шудан
Ҳоло кормандони “IRS” ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағжишу сӯзишворӣ мавриди назар аст.
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Масири Душанбе - Хуҷанд барои ҳаракати мунтазам дар фасли сармо пурра омода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати Innovative Road Solutions дар Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи нақша бояд дар минтақаи Варзоб 46 километри мураббаъ, дар водии Зарафшон 42 километри мураббаъ ва дар вилояти Суғд 100 километри мураббаъ майдонҳо барқарор карда шаванд.
Аммо филиали ин ширкат хабар дод, ки нақшаи омодагӣ ба мавсими зимистонро барзиёд иҷро кардааст.
Ҳамин тариқ, ширкати IRS дар Зарафшон беш аз 57 километри мураббаъ роҳро таъмир кард, ки нисбат ба нақша 34% зиёд аст.
Нақби Шаҳристон дар роҳи пайвандгари марказ ва шимоли Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2023
Ваъдаи IRS барои такрор нашудани камбудиҳо дар масири Душанбе - Чаноқ
Илова бар ин, дар 50,3 километри мураббаъ дар Варзоб (9%) ва дар Суғд 103,2 километри мураббаъ (3%) корҳо анҷом дода шуданд.
Қаблан дафтари матбуоти ширкати Innovative Road Solutions дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки қисмате аз шоҳроҳи Душанбе-Чанак дар вилояти Суғд комилан навсозӣ шудааст.
Бино ба гуфти масъулин, барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали Ширкат 437413 литр сӯзишвори дизелӣ, 17,8 ҳазор тонна маводи зиддилағзиш захира шуда, ин раванд идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан кормандони IRS қитъаи роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳро пурра таъмир карданд.
Дар доираи азнавсозӣ зиёда аз 4 ҳазор метри мураббаъ сатҳи роҳ, қитъаҳои вайроншуда пурра таъмир карда, мувофиқи меъёрҳои роҳсозӣ асфалти нав гузошта шуд.
Лентаи хабарҳо
0