Дар ИИАО ҳамкории илмию техникиро низ густариш медиҳанд

© Фотохост-агентство РИА Новости / Гузариш ба медиабонкФорум ЕАЭС
Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Обуна шудан
Созмон ҳамзамон, оид ба дастгирии меъёрию ҳуқуқӣ ва молиявии ҳамкориҳои илмию техникӣ, номгӯи лоиҳаҳои муштараки калонмиқёси баландтехнологӣ сари кор дорад
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё талош доранд, дар радифи масоили иқтисодӣ ҳаимкориҳои илмиро низ густариш диҳанд.
Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмию техникии кишварҳои созмонро вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисодии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Сергей Глазев ва президенти Академияи миллии илмҳои Қирғизистон Қанатбек Абдураҳматов баррасӣ карданд.
Тавре Сергей Глазев дар мулоқот, ки имрӯз 27 октябр доир шуд, таъкид кард, ИИАО ба масъалаҳои пешбурди ҳамкориҳои илмию техникӣ байни давлатҳои аъзо диққати махсус медиҳад.
Ба гуфтаи вай, ҳайати Комиссия аллакай шаш самти афзалиятноки рушди илмию техникӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, биотехнология, фармакология ва тиб, технологияҳои мошинсозӣ ва ғайраро тасдиқ кардааст.
Премьер-министр РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Мишустин: ИИАО ба яке аз марказҳои ҷаҳони нави бисёрқутбӣ табдил меёбад
Илова бар ин, оид ба дастгирии меъёрию ҳуқуқӣ ва молиявии ҳамкориҳои илмию техникӣ, номгӯи лоиҳаҳои муштараки калонмиқёси баландтехнологӣ, ки метавонанд рамзҳои ҳамгироии авруосиёӣ гарданд ва барномаи чаҳорчӯбаи рушди илмию технологӣ барои дарозмуддат корҳо идома доранд.
Вай инчунин қайд кард, ки комиссия аз рӯи масъалаҳои методологии ҳамкории илмию техникӣ ҳуҷҷатҳои машваратӣ қабул намуда, барномаи такмили ихтисоси кормандони илмиро тасдиқ намуд.
Сергей Глазев афзуд, ки Комиссияи иқтисодии Авруосиё китоби дарсии "Ҳамгироии иқтисодии Авруосиё: назария ва амалия"-ро омода кардааст ва бо Донишгоҳи Шабакаи Авруосиё, ки соли 2022 таъсис ёфтааст, фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафҳои ҳамкорӣ дар соҳаи илмию техникӣ дар Самтҳои стратегии рушди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё то соли 2025, ки аз ҷониби сарони кишварҳои узви ЕОЭ дар соли 2020 тасдиқ шудаанд, ба таври ҳамаҷониба муқаррар шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0