Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Исматҷонов, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш кист?

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо судури як фармон сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Суғдро интихоб кард
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Ба курсии сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов такя зад.
Фармони таъйин шудани ӯ ба ин мақомро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба имзо расонд.
Ин таъйиноти кадриро аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд.

"Дар ҷараёни машварати кории назди раиси вилоят рӯзи 25 октябр Бахтиёр Исматҷонов сардори нави Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Суғд муаррифӣ гардид ва шурӯъ 26 октябр дар вазифаи нав фаъолияташро оғоз мекунад", - гуфт, манбаъ.

Таъйини сардори нави Раёсати ҷавонон бо пешниҳоди раиси вилояти Суғд ва фармони раиси Кумита сурат гирифтааст.
Баъди раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таъйин шудани Мирзоқосим Каримзода, курсии сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш аз моҳи август ба то инҷониб холӣ буд.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Тағйроти кадрӣ дар шаҳри Панҷакент: Кӣ ва ба кадом вазифа таъйин шуд?
Худи Исматҷонов то ин замон раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд буд.

Исматҷонов Бахтиёр кист?

Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31 майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Соли 2004 факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд оғоз намуд.
То соли 2019 давоми нуҳ сол мудири ин идораро бар уҳда дошт. Аз соли 2020 дар вазифаҳои гуногуни КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0