https://sputnik.tj/20230809/taghyroti-kadri-panjakent-vazifa-tayin-1058726804.html
Тағйроти кадрӣ дар шаҳри Панҷакент: Кӣ ва ба кадом вазифа таъйин шуд?
Тағйроти кадрӣ дар шаҳри Панҷакент: Кӣ ва ба кадом вазифа таъйин шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран раиси шаҳри Панҷакент дар маҷлиси назоратии кадрҳоеро наверо, ки ба вазифаҳои гуногун таъйин шудаанд, муаррифӣ кард
2023-08-09T18:34+0500
2023-08-09T18:34+0500
2023-08-09T18:50+0500
дар тоҷикистон
таъйиноти кадрӣ
тағйироти кадрӣ
панҷакент
таъини кадрҳои нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:962:541_1920x0_80_0_0_8054a3cba8fe3c62b513915410c7dc1e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар маҷлиси назоратии ҳафтавори назди раиси шаҳри Панҷакент, ки ин навбат бо иштироки доираи васеи роҳбарони ташкилоту муасиисаҳо доир шуд, кадрҳое, ки ба вазифаҳои гуногун таъйин шуданд муаррифӣ шуданд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар оғози ҷаласа ҳозиронро бо воқеаҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар дар ҳафтаи гузашта шинос намуд ва кадрҳои навро дар ҳукумати шаҳр муаррифӣ кард.Аз ҷумла ба иттилои манбаъ, бо пешниҳоди раиси шаҳр ва фармони директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Замонова Нигора, ки собиқа дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр кор мекард, ба вазифаи сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Панҷакент таъйин шудааст.Ҳамчунин Абулхайров Зариф бо фармоиши директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба вазифаи директори КВД “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Панҷакент таъйин шуд.Инчунин Тоҳирӣ Шаҳноза бо қарори раиси шаҳр мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва Қиёмзода Шоҳида - сармутахассис ва Баҳриддинов Дилшод - мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр таъйин карда шуданд.Ба иттилои манбаъ дар идомаи ҷаласаи назоратӣ болои рафти омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидматӣ ҳарбӣ, таҷлили бошукӯҳи 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.Дар ҷаласа ҳамчунин дар бораи вусъати корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдиди намои биноҳо, кишти такрории зироат ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
https://sputnik.tj/20230719/panjakent-bino-naqshai-generali-sokhta-bardoshta-1058345448.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:722:541_1920x0_80_0_0_27313200fd0d8c9c90c498fc1b9cc2d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, панҷакент, тағйироти кадрӣ, вазифа, таъйин, муаррифӣ
тоҷикистон, панҷакент, тағйироти кадрӣ, вазифа, таъйин, муаррифӣ
Тағйроти кадрӣ дар шаҳри Панҷакент: Кӣ ва ба кадом вазифа таъйин шуд?
18:34 09.08.2023 (Навсозишуда: 18:50 09.08.2023) Ахиран раиси шаҳри Панҷакент дар маҷлиси назоратии кадрҳоеро наверо, ки ба вазифаҳои гуногун таъйин шудаанд, муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар маҷлиси назоратии ҳафтавори назди раиси шаҳри Панҷакент, ки ин навбат бо иштироки доираи васеи роҳбарони ташкилоту муасиисаҳо доир шуд, кадрҳое, ки ба вазифаҳои гуногун таъйин шуданд муаррифӣ шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар оғози ҷаласа ҳозиронро бо воқеаҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар дар ҳафтаи гузашта шинос намуд ва кадрҳои навро дар ҳукумати шаҳр муаррифӣ кард.
Аз ҷумла ба иттилои манбаъ, бо пешниҳоди раиси шаҳр ва фармони директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Замонова Нигора, ки собиқа дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр кор мекард, ба вазифаи сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Панҷакент таъйин шудааст.
Ҳамчунин Абулхайров Зариф бо фармоиши директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба вазифаи директори КВД “Обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Панҷакент таъйин шуд.
Инчунин Тоҳирӣ Шаҳноза бо қарори раиси шаҳр мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва Қиёмзода Шоҳида - сармутахассис ва Баҳриддинов Дилшод - мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр таъйин карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ дар идомаи ҷаласаи назоратӣ болои рафти омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидматӣ ҳарбӣ, таҷлили бошукӯҳи 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин дар бораи вусъати корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдиди намои биноҳо, кишти такрории зироат ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.