https://sputnik.tj/20231026/superapp-bo-dastoni-khud-1060173426.html
SuperApp бо дастони худ
SuperApp бо дастони худ
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "МегаФон Тоҷикистон" SuperApp-ро таъсис дод, ки дар он мессенҷер, "Ҳуҷраи шахсӣ" -и муштарӣ ва барномаи боодоби "Ташаккур" муттаҳид шудааст
2023-10-26T16:08+0500
2023-10-26T16:08+0500
2023-10-26T16:08+0500
дар тоҷикистон
"мегафон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1a/1060168641_0:42:1192:712_1920x0_80_0_0_3caf5bed6168d34671e651eb9c1ded3f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Коркунӣ дар ширкати бузурги инноватсионӣ имконияти беҳтарин ва ягона барои дар амал татбиқ намудани идеяҳои худ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин ҷараён метавон кореро анҷом дод, ки ҳоло касе дар кишвар анҷом надода буд. Ин ҷо сухан на дар бораи ширкатҳои баландэътибори ҷаҳонии инноватсионӣ меравад – пайдо кардани дастаи писандида ва дилхоҳ дар ватани худ низ имконпазир аст. Дар бораи он, ки чӣ тавр IT-маҳсулоти беҳтарин дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил карда шуд, маълумот медиҳем.Бо префикси “супер”Таҳияи замимаи мобилие, ки ҳоло дар бозор вуҷуд надошт, иқдоми беҳтарин аст! Чӣ мешавад, агар на App, балки SuperApp таҳия карда шавад? Фарқ дар он аст, ки намунаи аввалин дорои вазифаҳои маҳдуд мебошад. Дар SuperApp бошад, миқдори онҳо бемаҳдуд аст.“МегаФон Life” аз аввал ҳамчун “суперзамима” ба нақша гирифта шуда буд. Он дар худ паёмрасон, “Ҳуҷри шахсии” муштарӣ ва барномаи садоқатмандии “Раҳмат”-ро муттаҳид менамуд. Сипас функсияҳои дигар – масалан, ҳамёни мобилӣ дар он пайдо шуд. Лекин саволи асосӣ ин аст: кӣ бояд бо замимаи мазкур кор барад, онро инкишоф диҳад, ба он қисматҳои нав илова намояд?Бе ёрии бегонаIT-мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои худ қарор карданд: таҳиягаронро аз берун дигар ҷалб намекунем ва ҳама корро худ анҷом медиҳем! Ин роҳи аз ҳама душвор аст, лекин роҳбарият гуфтаҳои мутахассисонро бодиққат гӯш карда, интихоби онҳоро дастгирӣ намуд – дар ин ҳолатҳо дар ширкат ҳама якдилона ҳамчун як даста амал мекунанд. Зеро сохтани SuperApp бо дастони худ – ин таҷрибаест, ки кормандони ширкатҳои дигари телекоммуникатсионӣ онро нахоҳанд дошт. Ҳамин тариқ сифати кори замимаро худи мутахассисони ширкат кафолат медиҳанд ва ин... беҳтарин аст! Ҳамин тавр кор аз болои намунаи нави “МегаФон Life 3.0” оғоз ёфт.Ба куҷо парвоз дорем??Дар аввал SuperАpp пурра дизайни худро тағйир дод. Сипас ба он пай дар пай функсияҳои нави муфид дохил карда шуданд. Масалан, соли 2023 истифодабарандагон имкон пайдо карданд, ки тариқи “МегаФон Life” чиптаҳои ҳавопаймоиро дастрас намоянд. Ҳамагӣ як қисмати нав, лекин ба ташкили он таҳиякунандагон ҳамкорони дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ амалкунанда ва шариконро аз Fly.tj ҷалб намуданд.Чӣ тавр ба пешрафти касбӣ ноил метавон шудАмалисозии ин гуна идеяҳо – ин меҳнати бузург аст. Метавон ба ҷадвал вақти парвозу фурудро ворид намуд. Лекин дар ҳоле, ки истифодабарандагон дар минтақаҳои гуногуни соат қарор доранд, чӣ тавр метавон ҳамаро дар як система муттаҳид намуд? IT-мутахассисони МегаФон ин вазифа ва дар баробари ин бисёр вазифаҳои дигарро бомуваффақона анҷом доданд. Акнун ҳангоми хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ метавон дар меню вақт, ширкати ҳавопаймоӣ, дараҷаи ҷои мусофирон, номи фурудгоҳ, нуқтаи лозимӣ ва зарурати анҷомдиҳии барофуроро интихоб намуд. Қулай ва осон! Аниқтараш, пас аз оне, ки дастаи мутахассисони IT функсияи мазкурро то омодагии пурра расонид, кор хеле қулай ва осон шуд.Афиша дар ҷайбМоҳи августи соли 2023 – боз як имкони нав: хариди чиптаҳои кинотеатр, намоишномаҳо ё намоишгоҳҳо тариқи қисмати “Афиша”-и замимаи “МегаФон Life” роҳандозӣ шуд. Ин маънои онро дорад, ки назди таҳиягарон вазифаҳои нави эҷодӣ гузошта шуданд. Кофӣ набуд, ки танҳо номи филму нархи чипта дар “МегаФон Life” инъикос карда шавад – инчунин инъикоси нақшаи толор ва ҷойҳои холӣ зарур меомад.Тарофаи "Истиқболи самимӣ": аз ҳисоби зангҳо дар Русия маблағро сарфа намоедАз болои ин қисмат якбора дувоздаҳ IT-мутахассисон кор мебурданд ва барои амалисозии ин идея ба онҳо се моҳ лозим омад. Лекин акнун истифодабаранда метавонад на танҳо маълумоти иловагиро омӯзад, рейтинги филм, ҳайати ҳунармандон ва трейлери расмиро бубинад, балки инчунин ҷои барои худ писандро интихоб намояд. Моҳиятан, мутахассисони ширкат замимаҳои мукаммалро дар дохили SuperApp-и худ ташкил менамоянд. Ин корро дар кишвар ҳоло касе анҷом намедиҳад.Воридшавӣ ба дастаи орзуҳо“МегаФон Life” – танҳо яке аз маҳсулотҳои инноватсионии оператор ба ҳисоб меравад. Амалишавии бисёр идеяҳои дигар ҳоло дар пеш аст. Инчунин нафарони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд ба ин кор ҳамроҳ шаванд. Барои анҷоми кор ба тавре, ки он боиси ифтихор гардад, имкони воқеӣ вуҷуд дорад.Дар орзуҳои лоиҳаҳои зӯр ҳастӣ? Кори дилхоҳи худро интихоб намо ва... ба пеш!!
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1a/1060168641_0:0:1082:811_1920x0_80_0_0_896194a32b881e886b1fbed3e19faa9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон "мегафон"
SuperApp бо дастони худ
Ахбори ширкатҳо
Ширкати "МегаФон Тоҷикистон" SuperApp-ро таъсис дод, ки дар он мессенҷер, "Ҳуҷраи шахсӣ" -и муштарӣ ва барномаи боодоби "Ташаккур" муттаҳид шудааст
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Коркунӣ дар ширкати бузурги инноватсионӣ имконияти беҳтарин ва ягона барои дар амал татбиқ намудани идеяҳои худ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин ҷараён метавон кореро анҷом дод, ки ҳоло касе дар кишвар анҷом надода буд.
Ин ҷо сухан на дар бораи ширкатҳои баландэътибори ҷаҳонии инноватсионӣ меравад – пайдо кардани дастаи писандида ва дилхоҳ дар ватани худ низ имконпазир аст. Дар бораи он, ки чӣ тавр IT-маҳсулоти беҳтарин дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил карда шуд, маълумот медиҳем.
Таҳияи замимаи мобилие, ки ҳоло дар бозор вуҷуд надошт, иқдоми беҳтарин аст! Чӣ мешавад, агар на App, балки SuperApp таҳия карда шавад? Фарқ дар он аст, ки намунаи аввалин дорои вазифаҳои маҳдуд мебошад. Дар SuperApp бошад, миқдори онҳо бемаҳдуд аст.
“МегаФон Life” аз аввал ҳамчун “суперзамима” ба нақша гирифта шуда буд. Он дар худ паёмрасон, “Ҳуҷри шахсии” муштарӣ ва барномаи садоқатмандии “Раҳмат”-ро муттаҳид менамуд. Сипас функсияҳои дигар – масалан, ҳамёни мобилӣ дар он пайдо шуд. Лекин саволи асосӣ ин аст: кӣ бояд бо замимаи мазкур кор барад, онро инкишоф диҳад, ба он қисматҳои нав илова намояд?
IT-мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои худ қарор карданд: таҳиягаронро аз берун дигар ҷалб намекунем ва ҳама корро худ анҷом медиҳем! Ин роҳи аз ҳама душвор аст, лекин роҳбарият гуфтаҳои мутахассисонро бодиққат гӯш карда, интихоби онҳоро дастгирӣ намуд – дар ин ҳолатҳо дар ширкат ҳама якдилона ҳамчун як даста амал мекунанд. Зеро сохтани SuperApp бо дастони худ – ин таҷрибаест, ки кормандони ширкатҳои дигари телекоммуникатсионӣ онро нахоҳанд дошт. Ҳамин тариқ сифати кори замимаро худи мутахассисони ширкат кафолат медиҳанд ва ин... беҳтарин аст! Ҳамин тавр кор аз болои намунаи нави “МегаФон Life 3.0” оғоз ёфт.
Дар аввал SuperАpp пурра дизайни худро тағйир дод. Сипас ба он пай дар пай функсияҳои нави муфид дохил карда шуданд. Масалан, соли 2023 истифодабарандагон имкон пайдо карданд, ки тариқи “МегаФон Life” чиптаҳои ҳавопаймоиро дастрас намоянд. Ҳамагӣ як қисмати нав, лекин ба ташкили он таҳиякунандагон ҳамкорони дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ амалкунанда ва шариконро аз Fly.tj ҷалб намуданд.
Амалисозии ин гуна идеяҳо – ин меҳнати бузург аст. Метавон ба ҷадвал вақти парвозу фурудро ворид намуд. Лекин дар ҳоле, ки истифодабарандагон дар минтақаҳои гуногуни соат қарор доранд, чӣ тавр метавон ҳамаро дар як система муттаҳид намуд? IT-мутахассисони МегаФон ин вазифа ва дар баробари ин бисёр вазифаҳои дигарро бомуваффақона анҷом доданд. Акнун ҳангоми хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ метавон дар меню вақт, ширкати ҳавопаймоӣ, дараҷаи ҷои мусофирон, номи фурудгоҳ, нуқтаи лозимӣ ва зарурати анҷомдиҳии барофуроро интихоб намуд. Қулай ва осон! Аниқтараш, пас аз оне, ки дастаи мутахассисони IT функсияи мазкурро то омодагии пурра расонид, кор хеле қулай ва осон шуд.
Моҳи августи соли 2023 – боз як имкони нав: хариди чиптаҳои кинотеатр, намоишномаҳо ё намоишгоҳҳо тариқи қисмати “Афиша”-и замимаи “МегаФон Life” роҳандозӣ шуд. Ин маънои онро дорад, ки назди таҳиягарон вазифаҳои нави эҷодӣ гузошта шуданд. Кофӣ набуд, ки танҳо номи филму нархи чипта дар “МегаФон Life” инъикос карда шавад – инчунин инъикоси нақшаи толор ва ҷойҳои холӣ зарур меомад.
Аз болои ин қисмат якбора дувоздаҳ IT-мутахассисон кор мебурданд ва барои амалисозии ин идея ба онҳо се моҳ лозим омад. Лекин акнун истифодабаранда метавонад на танҳо маълумоти иловагиро омӯзад, рейтинги филм, ҳайати ҳунармандон ва трейлери расмиро бубинад, балки инчунин ҷои барои худ писандро интихоб намояд. Моҳиятан, мутахассисони ширкат замимаҳои мукаммалро дар дохили SuperApp-и худ ташкил менамоянд. Ин корро дар кишвар ҳоло касе анҷом намедиҳад.
Воридшавӣ ба дастаи орзуҳо
“МегаФон Life” – танҳо яке аз маҳсулотҳои инноватсионии оператор ба ҳисоб меравад. Амалишавии бисёр идеяҳои дигар ҳоло дар пеш аст. Инчунин нафарони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд ба ин кор ҳамроҳ шаванд. Барои анҷоми кор ба тавре, ки он боиси ифтихор гардад, имкони воқеӣ вуҷуд дорад.
Дар орзуҳои лоиҳаҳои зӯр ҳастӣ? Кори
дилхоҳи худро интихоб намо ва... ба пеш!!