Тарофаи "Истиқболи самимӣ": аз ҳисоби зангҳо дар Русия маблағро сарфа намоед

© Фото : Пресс-служба "Мегафон Таджикистан"Тариф "Теплый прием"
Тариф Теплый прием - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Ширкати "Мегафон Тоҷикистон" ба муштариён нархҳои муносибро барои алоқа дар Русия пешниҳод мекунад.
Опсияи махсуси "Россия Онлайн" бо арзиши 15 сомонӣ барои аз ҳисоби зангҳо ва интернети мобилӣ сарфа кардани маблағ имкон медиҳад.
Ва ин ҳоло ибтидо аст: якҷоя боопсия, муштариёни оператор проморамзи махсусро ба даст меоранд ва он имкон медиҳад, ки тарофаи "Истиқболи самимӣ" фаъол карда шавад. Ин барои муддати тӯлонӣ дар Русия ҳузур доштан муфид хоҳад буд.
Нархномаҳои стандартии байналмилалӣ хароҷоти зиёдро барои алоқа бо хона талаб мекунанд. Ҳамин тавр, вақте ки дар Федератсияи Русия қарор доред, як дақиқаи занг ба рақами маҳаллӣ 3 сомонӣ арзиш дорад, нархи интернет 0,25 сомонӣ барои 100 Кб аст.
Барои аксари шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои кор ба Русия мераванд, хароҷоти мобилӣ бори гарони буҷет мегардад. Ба ин хотир, ширкати "МегаФонТоҷикистон" пешниҳод мекунад, ки хароҷот чандин маротиба кам карда шавад.
Ҳамзамон, барои муштариёни ширкати"Мегафон" Русия, ки ба Тоҷикистон меоянд, низ чунин шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Опсияи махсуси роумингии"Россия Онлайн" дарҳол баъд аз омадан бахориҷа ва бақайдгирӣ дар шабакаи "МегаФон" -и Русия ба таври автоматӣ фаъол мегардад.
"МегаФон Life Фест" - имкониятҳои нави Шумо
Бо нархи15 сомонӣ, хизматрасонӣ 2 ГБ интернет ва 20 дақиқаи зангҳоро ба рақамҳои "МегаФон" дар Русия дарбар мегирад. Яъне,трафики интернет дар илова ба даъватҳои овозӣ воқеан ройгон пешниҳод карда мешавад. Аз омадан ба Русия огоҳ намоед ё хабарҳои аввалинро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ирсол намоед. Муҳлати амали опсия - 10 рӯз аст.
Ҳангоми истифодаи опсияи "Россия Онлайн" муштарӣ инчунин SMS бопроморамзи махсус барои фаъолкунии тарофаи "Истиқболи самимӣ" қабул менамояд.
Онро дар дилхоҳ толори алоқаи“МегаФон Русия”, бо пешниҳоди рамзи дастрасгардида, пайваст кардан мумкин аст.
Нархи тарофа дар як моҳ 300 рубл, яъне ҳудуди 40 сомонӣ аст. Ба баста 35 ГБ интернет ва 700 дақиқа барои зангҳо дар дохили Федератсияи Русия дохил шудааст.
Барномаҳои рақамӣ дар смартфон аз куҷо пайдо мешаванд?
Бо нархҳои роумингии стандартӣ танҳозангҳо дар ин ҳаҷм 2100 сомонӣ арзиш дошта метавонанд. Сарфа аз ҳисоби пайвасткунии тарофа беш аз 50 маротиба аст!
Суроғаи толори наздиктаринро ҷиҳати истифодаи проморамз барои пайвасткунии тарофаи “Истиқболи самимӣ” дар сомонаи “МегаФон Россия” пайдо карда метавонед.
Тафсилоти иқдом дар сомонаи “МегаФон Тоҷикистон” ҷой дорад.
Лентаи хабарҳо
0