СҶБ пандемияи навро истисно намекунад

© Sputnik / Алексей ВитвицкийВОЗ
ВОЗ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии беҳдошт пешниҳод намуд, ки назорати зидди эпидемия бояд пурзӯр шавад, то мабодо пандемияи нав сар назанад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Як пандемия ба мисли COVID-19 метавонад дубора рух диҳад.
Дар ин бора директори Бюрои аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Ҳанс Клуге хабар дод ва гуфт, кишварҳо бояд назорати зидди эпидемияро пурзӯр кунанд.
Клуге ин ҳарфҳоро дар иҷлосияи 73-юми Кумитаи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки дар Остона ҷараён дорад, баён кард.
Дар иҷлосияи мазкур вазирони тандурустӣ ва коршиносони 53 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
"Ҳамаи кишварҳо бояд назоратро пурзӯр кунанд. Дар бисёр кишварҳо сатҳи назорат коҳиш меёбад. Сифати об ва ҳаво бояд назорат карда шавад", - таъкид намуд ӯ.
Дар идома ин коршинос гуфт, "гап сари он нест, ки кай боз пандемияи нав рух медиҳад, балки дар ин аст, ки оё мо ин дафъа беҳтар омода ҳастем ё не".
Вай аҳамияти ҳамбастагии кишварҳоро дар муқовимат бо пандемия ва табодули таҷриба дар соҳаи ташхис, табобат ва моягузорӣ қайд кард.
"Кишварҳо набояд ваксинаҳоро нигоҳ доранд, онҳо бояд мубодила кунанд. Мубодилаи ташхис ва табобат хеле муҳим аст", - таъкид кард роҳбари Бюрои аврупоии СҶБ.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир коронавирус дар аксар кишварҳо боз авҷ гирифтааст.
Крупный центр вакцинации от COVID-19 открылся в Тюмени - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Афзоиши ваксинагирӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон: Мақомот мегӯянд, худи вирус нест
Дар Тоҷикистон ба додаи мақомотҳои расмӣ ин беморӣ сабт нашудааст, аммо моякӯбии шаҳрвандон алайҳи вирус ҳамоно идома дорад.
Сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки мақомот вазъро пайгирӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0