Саҳми кишварҳои СҲШ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маълум шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкТорговый порт
Торговый порт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Обуна шудан
Сарвазири ҷумҳурӣ қайд кард, ки бозор барои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои кишвар торафт дастрас ва фоидаовар мегардад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мақоми аввалро ишғол мекунанд.
Дар ин бора Қоҳир Расулзода сарвазири ҷумҳурӣ дар нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои ин созмон, ки дар Бишкек ҷараён дорад, изҳор дошт.
Ба ин тартиб, ҳиссаи кишварҳои узви ин созмон дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 74 дарсадро ташкил медиҳад.
Расулзода таъкид кард, ки бозори кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой тайи чанд соли ахир барои Душанбе бештар даромаднок ва дастрас шудааст.
"Дар кишвар ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит барои ҳамкории самарабахш бо корхонаҳои хурду миёнаи кишварҳои СҲШ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолона кор бурда мешавад", - шарҳ дод сарвазир.
Вай зикр кард, ки дар давраи ҳисоботии соли 2023 афзоиши ММД-и Тоҷикистон 8,3 фоизро ташкил дод.
Акылбек Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Жапаров: Дар кишварҳои узви СҲШ бозори муштараки иқтисодӣ таъсис дода шавад
Ёдовар мешавем, ки 26 октябр дар Бишкек ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор мешавад.
Маълум шуд, ки кишварҳои узви СҲШ имкони ташкили бозори умумии иқтисодиро баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0