https://sputnik.tj/20231026/rasulzoda-vorid-bishkek-shud-1060161076.html
Расулзода вориди Бишкек шуд
Расулзода вориди Бишкек шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қирғизистон ҳамчунин ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад
2023-10-26T10:51+0500
2023-10-26T10:51+0500
2023-10-26T10:56+0500
дар тоҷикистон
қоҳир расулзода
бишкек
сҳш
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039439753_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_a5f86170d235f0f2bac72fd04674b761.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар 22-юмин Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек ширкат мекунад. Гуфта мешавад, ки аллакай дар қароргоҳи давлатии Ала-Арча аз ҷониби сарвазири Қирғизистон Оқилбек Жапаров маросими истиқболи меҳмонони воломақом баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ нахуствазири Русия Михаил Мишустин низ ширкат дорад. Дар маҷлис сарони ҳукуматҳои 9 кишвар ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад, ки дар ин Шӯро нахуствазирон дурнамо ва чораҳои амиқтари ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ -ро дар бахшҳои: тиҷорат, иқтисод, мадани ва гуманитарӣ баррасӣ мекунанд.Илова бар ин, дар Бишкек ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешаванд.Қаблан Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки механизми ҳамкории бахшҳои зиддиинҳисории кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таъсис дода шавад.Гуфта мешавад, ки ҷумҳурӣ низ ташаббуси таъсиси ҷаласаи раҳбарони чунин сохторҳоро дорад. Ин иқдом дар як мизи гирд дар Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон дар Душанбе матраҳ шуд.
https://sputnik.tj/20231025/belorus-shsh-mepayvandad-1060149877.html
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039439753_0:0:909:682_1920x0_80_0_0_398575cd176a524f43508b80b0d09d04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қоҳир расулзода бишкек
Расулзода вориди Бишкек шуд
10:51 26.10.2023 (Навсозишуда: 10:56 26.10.2023) Дар Қирғизистон ҳамчунин ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар 22-юмин Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек ширкат мекунад.
Гуфта мешавад, ки аллакай дар қароргоҳи давлатии Ала-Арча аз ҷониби сарвазири Қирғизистон Оқилбек Жапаров маросими истиқболи меҳмонони воломақом баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ нахуствазири Русия Михаил Мишустин низ ширкат дорад. Дар маҷлис сарони ҳукуматҳои 9 кишвар ширкат хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки дар ин Шӯро нахуствазирон дурнамо ва чораҳои амиқтари ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ -ро дар бахшҳои: тиҷорат, иқтисод, мадани ва гуманитарӣ баррасӣ мекунанд.
Илова бар ин, дар Бишкек ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешаванд.
Қаблан Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки механизми ҳамкории бахшҳои зиддиинҳисории кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таъсис дода шавад.
Гуфта мешавад, ки ҷумҳурӣ низ ташаббуси таъсиси ҷаласаи раҳбарони чунин сохторҳоро дорад. Ин иқдом дар як мизи гирд дар Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон дар Душанбе матраҳ шуд.