https://sputnik.tj/20231026/rahmon-nohiya-rudaki-korkhona-parandaparvar-1060165883.html
Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи парандапарварӣ кушод
Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи парандапарварӣ кушод
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари давлат барои ифтитоҳи чандин иншооат ва ҳамзамон шиносоӣ пайдо кардан аз рафти ҳосилғундорӣ ва кишти тирамоҳӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуд
2023-10-26T13:14+0500
2023-10-26T13:14+0500
2023-10-26T13:14+0500
дар тоҷикистон
рӯдакӣ
парандапарварӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1a/1060164131_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_f04fff9a8c8876b321786b739fc28aa7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи парандапарварии “Ҳилол” – ро ифтитоҳ кард, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, корхонаи мазкур дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад.Дар ин корхона парвариши парандаҳои навъи мурғи марҷон, кабк ва фазан ба роҳ монда шуда. Ҳоло танҳо талаботи бозори дохилӣ қонеъ гардонда мешавад. Вале масъулини ин корхона қасд доранд дар ояндаи наздик содироти ин се навъ мурғро аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар роҳандозӣ куннад.Ба роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки корхона имкони то 1 млн сар ин номгӯй парандаҳоро парвариш кардан дорад.Зикр гардид, ки тухми инкубатсионӣ аз Фаронса, Русия, Англия ва Эрон ворид гардида, он дар коргоҳи алоҳида бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ парвариш карда мешавад.Қаблан Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар умум дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар то моҳи июл 10,9 млн сар паранда парвариш мешаванд. Бо вуҷуди ин истеҳсоли тухм нисбат ба як соли пеш коҳиш ёфтааст.Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 555 млн дона тухм истеҳсол шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш 22 млн дона камтар аст.Бар асоси омори расмӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 222 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд мебошад.Аз ҷумла 100 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 108 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чуҷаи якрӯза ва тухми истеъмолӣ машғул мебошанд, афзуд манбаъ.
https://sputnik.tj/20230731/tojikiston-murgh-ziyod-tukhm-kam-1058547242.html
рӯдакӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1a/1060164131_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_39499219f478bf78bf5aa6684a9e24ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон рӯдакӣ корхона парандапарварӣ
раҳмон рӯдакӣ корхона парандапарварӣ
Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи парандапарварӣ кушод
Роҳбари давлат барои ифтитоҳи чандин иншооат ва ҳамзамон шиносоӣ пайдо кардан аз рафти ҳосилғундорӣ ва кишти тирамоҳӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуд
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи парандапарварии “Ҳилол” – ро ифтитоҳ кард, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, корхонаи мазкур дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад.
Дар ин корхона парвариши парандаҳои навъи мурғи марҷон, кабк ва фазан ба роҳ монда шуда. Ҳоло танҳо талаботи бозори дохилӣ қонеъ гардонда мешавад. Вале масъулини ин корхона қасд доранд дар ояндаи наздик содироти ин се навъ мурғро аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар роҳандозӣ куннад.
Ба роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки корхона имкони то 1 млн сар ин номгӯй парандаҳоро парвариш кардан дорад.
Зикр гардид, ки тухми инкубатсионӣ аз Фаронса, Русия, Англия ва Эрон ворид гардида, он дар коргоҳи алоҳида бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ парвариш карда мешавад.
Қаблан Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар умум дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар то моҳи июл 10,9 млн сар паранда парвариш мешаванд. Бо вуҷуди ин истеҳсоли тухм нисбат ба як соли пеш коҳиш ёфтааст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 555 млн дона тухм истеҳсол шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш 22 млн дона камтар аст.
Бар асоси омори расмӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 222 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд мебошад.
Аз ҷумла 100 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 108 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чуҷаи якрӯза ва тухми истеъмолӣ машғул мебошанд, афзуд манбаъ.