Дар Тоҷикистон паранда зиёду тухм кам шудаст

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкПтицефабрика
Птицефабрика  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Обуна шудан
Феълан дар Тоҷикистон 222 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи июл 10,9 млн сар паранда парвариш ёфта истодаанд, иттилоъ дод Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои ниҳод саршумори паранда дар ҷумҳурӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 964 ҳазор сар зиёд шудааст.
Вазорат афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон 555 млн дона тухм истеҳсол шудааст, ки ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариби 22 млн дона кам мебошад.
Тавлиди гӯшти паранда дар давоми 6 моҳ ба қариб 24 ҳазор тонна гӯшт расонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 ҳазор тонна кам гардидаст.
Масъулини Вазорати кишоварзӣ изҳор доштанд, ки соҳаи парандапарварӣ, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад, мавриди таваҷҷуҳи ҳукумат қарор дорад.
Выставка сельхозпродукции в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши ҳосил хабар дод
Аз ҷумла зикр гардидаст, ки қаблан бар асоси тағйирот ба Кодексҳои гумрук ва андози ҷумҳурӣ соҳаи парандапарварӣ аз пардохти андозҳо ба муҳлати 6 сол озод гардид.
Инчунин воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардида, тадбиқи амалии имтиёзҳои мазкур ба иттилои Вазорати кишоварзӣ ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшида истодааст.
Бар асоси омори расмӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 222 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд мебошад.
Аз ҷумла 100 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 108 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чуҷаи якрӯза ва тухми истеъмолӣ машғул мебошанд, афзуд манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0