https://sputnik.tj/20231025/sharoit-kori-milisa-sharq-tojikiston-1060143587.html
Раҳмон бо шароити кори милисаҳо шинос шуду насиҳатҳо кард
Раҳмон бо шароити кори милисаҳо шинос шуду насиҳатҳо кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба шаҳри Ваҳдат бархе биноҳои нави марбут ба мақомоти корҳои дохилиро ба истифода дод
2023-10-25T12:29+0500
2023-10-25T12:29+0500
2023-10-25T12:30+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
тартиботи ҷамъиятӣ
ваҳдат
эмомалӣ раҳмон
таҷҳизот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/10/1058860018_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_1b4800acc5c347cc9f2b96deb21f7f2b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдатро мавриди истифода қарор дод. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бинои мазкур дар масоҳати наздик ба 2,3 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад. Таъкид шудаст, ки атрофи шуъба чароғон карда шуда, бо камераҳои назоратӣ таъмин мебошад. Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии оҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат бо талаботи замон бунёд шуда, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад", - омадааст дар иттилоия. Инчунин президент бо лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Ваҳдат ва лоиҳаи сохтмони шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили дар гуруҳи ноҳияҳои Рашт шинос гардид. Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро ба хизмати садоқатмандона ба Ватан даъват кардааст. Вай масъулини мақомоти корҳои дохилиро ба саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ даъват намуд.
https://sputnik.tj/20230927/ghizo-libos-dastur-rahmon-general-mavrid-navaskaron-1059628943.html
ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/10/1058860018_17:0:2748:2048_1920x0_80_0_0_9cfa15e7d277e814e173df2a14bf5954.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ифтитоҳ, бино, мақомот, кор, дохилӣ, тоҷикистон
ифтитоҳ, бино, мақомот, кор, дохилӣ, тоҷикистон
Раҳмон бо шароити кори милисаҳо шинос шуду насиҳатҳо кард
12:29 25.10.2023 (Навсозишуда: 12:30 25.10.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба шаҳри Ваҳдат бархе биноҳои нави марбут ба мақомоти корҳои дохилиро ба истифода дод
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдатро мавриди истифода қарор дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бинои мазкур дар масоҳати наздик ба 2,3 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад.
Таъкид шудаст, ки атрофи шуъба чароғон карда шуда, бо камераҳои назоратӣ таъмин мебошад.
Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии оҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат бо талаботи замон бунёд шуда, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин президент бо лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Ваҳдат ва лоиҳаи сохтмони шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили дар гуруҳи ноҳияҳои Рашт шинос гардид.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро ба хизмати садоқатмандона ба Ватан даъват кардааст.
Вай масъулини мақомоти корҳои дохилиро ба саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ даъват намуд.