https://sputnik.tj/20231018/mintaqaho-tojikiston-turkiya-hamkori-taqviyat-1060009334.html
Минтақаҳои Тоҷикистону Туркия ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд
Минтақаҳои Тоҷикистону Туркия ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни сафар ба Туркия аз як қатор корхонаҳои ин кишвар дидан кард ва бо фаъолияти онҳо ошно шуда, таҷрибаи пешқадамро омӯхтааст
2023-10-18T19:19+0500
2023-10-18T19:19+0500
2023-10-18T19:28+0500
дар тоҷикистон
туркия
намоишгоҳ
ҳамкорӣ
равобит
данғара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060006830_0:120:801:570_1920x0_80_0_0_f1db7c349ce61c9bdd7f4eddcd7e867b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин ба вилояти Бурсаи Туркия сафар кард.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ноҳия хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, максад аз сафар шинос шудан бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Туркия ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами ин кишвар аст.Зимни мулоқот бо раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Бурса имконоти ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, инчунин омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд.Меҳмонони тоҷик дар давоми рӯз корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти консерва ва яхдон, дӯхтани либосҳои бачагона ва матоҳои гуногунро тамошо карданд.Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯби намоишгоҳи байналмилалӣ дар Туркия ғурфаи бахшида ба фарҳанги Тоҷикистон боз шуд. Меҳмонон метавонанд таърихи тоҷиконро дар ин ғурфа беҳтар омӯзанд, инчунин бо зиндагӣ ва анъанаҳои кишвар шинос шаванд.
https://sputnik.tj/20230726/imzo-sozishnoma-hamkorii-nizomi-miyoni-turkiya-tojikiston---video-1058467121.html
туркия
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060006830_0:0:789:592_1920x0_80_0_0_95c9f0284cac018e8a91c218a0d3ed8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, равобит, данғара, тиҷорат, намоишгоҳ
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, равобит, данғара, тиҷорат, намоишгоҳ
Минтақаҳои Тоҷикистону Туркия ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд
19:19 18.10.2023 (Навсозишуда: 19:28 18.10.2023) Ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни сафар ба Туркия аз як қатор корхонаҳои ин кишвар дидан кард ва бо фаъолияти онҳо ошно шуда, таҷрибаи пешқадамро омӯхтааст
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин ба вилояти Бурсаи Туркия сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ноҳия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, максад аз сафар шинос шудан бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Туркия ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами ин кишвар аст.
Зимни мулоқот бо раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Бурса имконоти ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, инчунин омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд.
Меҳмонони тоҷик дар давоми рӯз корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти консерва ва яхдон, дӯхтани либосҳои бачагона ва матоҳои гуногунро тамошо карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯби намоишгоҳи байналмилалӣ дар Туркия ғурфаи бахшида ба фарҳанги Тоҷикистон боз шуд. Меҳмонон метавонанд таърихи тоҷиконро дар ин ғурфа беҳтар омӯзанд, инчунин бо зиндагӣ ва анъанаҳои кишвар шинос шаванд.