https://sputnik.tj/20230919/tojikiston-surati-internet-kishvarho-pasoshuravi-okhirin-1059458273.html
Тоҷикистон аз рӯи суръати интернет миёни кишварҳои пасошӯравӣ охирин аст
Тоҷикистон аз рӯи суръати интернет миёни кишварҳои пасошӯравӣ охирин аст
Sputnik Тоҷикистон
Новобаста аз дастури раисҷумҳур барои ислоҳи сустии интернет дар Тоҷикистон он ҳамоно дар қатори пастаринҳос ва мақомот марбут барои ислоҳи вазъ ваъда медиҳанд
2023-09-19T10:25+0500
2023-09-19T10:25+0500
2023-09-19T10:49+0500
дар тоҷикистон
интернет
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_52810b7d85be7382b7cab2fc1c486e66.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷои охирин будааст. Инро Speedrest Global Index нишон медиҳад. Тавре ки аз додаҳои пойгоҳи таҳқиқотӣ дида мешавад, кишвар дар ҷои 139-ум қарор дорад, ки аз ҳамсояҳои минтақавии худ хеле қафо мондааст. Босуръаттарин интернети мобилӣ дар ҷаҳон дар Аморати Муттаҳидаи Араб аст - 210,89 Мбит/с. Сусттарин дар Куба 4,34 Мбит/с аст. Дуруст, дар Туркманистон ҳам паст аст, аммо дар бораи интернети устувори мобилӣ дар онҷо маълумоти дақиқ вуҷуд надорад.Ба интернети бесифату нархи гарон он дар Тоҷикистон на танҳо корбарон, балки раисҷумҳури кишвар низ изҳори норозигӣ карда буд. Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.Дар пайи ин дастур ба гуфтаи Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар саросари кишвар ҳудуди 340 истгоҳи базавӣ насб карданд ва кор идома дорад.Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои мобилӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар насби истгоҳҳои базавӣ, аз он ҷумла модернизатсия, кӯчонидани базаҳо ба ҷойи нав, низ пеш рафта, даҳҳо истгоҳи базавии иловагиро дар саросари кишвар насб кардаанд.Тибқи иттилои ин ниҳод, тайи ним соли гузашта ширкатҳои “Вавилон-Мобайл”-95, “Таком”- 39 адад, “ТТ мобайл” - 190 ва “Индиго Тоҷикистон” 15 истгоҳи базавии нав насб карда, инчунин 57 истгоҳи базавӣ аз модернизатсия гузаронида шуданд.
https://sputnik.tj/20230728/atoev-internet-nachaspadu-mizojon-asabi-1058493430.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_3842e038617b35317d7ab0054a971ae2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон суръат интернет кишварҳо пасошӯравӣ охирин
тоҷикистон суръат интернет кишварҳо пасошӯравӣ охирин
Тоҷикистон аз рӯи суръати интернет миёни кишварҳои пасошӯравӣ охирин аст
10:25 19.09.2023 (Навсозишуда: 10:49 19.09.2023) Новобаста аз дастури раисҷумҳур барои ислоҳи сустии интернет дар Тоҷикистон он ҳамоно дар қатори пастаринҳос ва мақомот марбут барои ислоҳи вазъ ваъда медиҳанд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷои охирин будааст.
Инро Speedrest Global Index нишон медиҳад.
Тавре ки аз додаҳои пойгоҳи таҳқиқотӣ дида мешавад, кишвар дар ҷои 139-ум қарор дорад, ки аз ҳамсояҳои минтақавии худ хеле қафо мондааст.
Босуръаттарин интернети мобилӣ дар ҷаҳон дар Аморати Муттаҳидаи Араб аст - 210,89 Мбит/с. Сусттарин дар Куба 4,34 Мбит/с аст.
Дуруст, дар Туркманистон ҳам паст аст, аммо дар бораи интернети устувори мобилӣ дар онҷо маълумоти дақиқ вуҷуд надорад.
Ба интернети бесифату нархи гарон он дар Тоҷикистон на танҳо корбарон, балки раисҷумҳури кишвар низ изҳори норозигӣ карда буд.
Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.
Дар пайи ин дастур ба гуфтаи Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар саросари кишвар ҳудуди 340 истгоҳи базавӣ насб карданд ва кор идома дорад.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои мобилӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар насби истгоҳҳои базавӣ, аз он ҷумла модернизатсия, кӯчонидани базаҳо ба ҷойи нав, низ пеш рафта, даҳҳо истгоҳи базавии иловагиро дар саросари кишвар насб кардаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, тайи ним соли гузашта ширкатҳои “Вавилон-Мобайл”-95, “Таком”- 39 адад, “ТТ мобайл” - 190 ва “Индиго Тоҷикистон” 15 истгоҳи базавии нав насб карда, инчунин 57 истгоҳи базавӣ аз модернизатсия гузаронида шуданд.