https://sputnik.tj/20231024/farmoni-putin-qurb-rubl-rusiya-1060118796.html
Баъди фармони Путин: қурби рубл дар Русия майли афзоиш кард
Баъди фармони Путин: қурби рубл дар Русия майли афзоиш кард
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси додаҳои фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори пули Маскав нархи доллар, рубл, евро ва юан поин рафта, арзиши рубл баъди арзоншавӣ рӯ ба афзоиш ниҳодаст
2023-10-24T11:17+0500
2023-10-24T11:17+0500
2023-10-24T12:31+0500
дар русия
иқтисод
рубл
бозор
бозори дохилӣ
фармон
владимир путин
қурб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048690112_0:156:3077:1887_1920x0_80_0_0_e63b46bd6534421e97c1e961edd9e909.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Қурби доллар аввалин бор дар давоми 1,5 моҳи охир аз 94 рубл поин рафт, бармеояд аз додаҳои биржаи Маскав. Тибқи омори ин ниҳод, охирин бор чунин қурб 12 сентябри соли равон ҷой дошт. Бар асоси додаҳои биржаи Маскав, қурби асъори амрикоӣ 53 копейк кам шуда, 93,9 рублро ташкил дод. Қурби юан 5 танга поин шуда ба 12,83 рубл ва евро то 100,37 рубл кам шудаст. Ин поинравӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки ахиран раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи баргардонидани ҳатмии даромади як қатор ширкатҳо бо асъори хориҷӣ ва фурӯши он дар бозори дохилиро имзо кард. Муҳлати татбиқи муқаррароти фармон 6 моҳ муқаррар шуда, интизор меравад, ки то ҳадде устувории рублро таъмин мекунад. Дар баробари ин, ширкатҳои алоҳида вазифадоранд, ки нақша ва ҷадвали хариду фурӯши асъори хориҷиро дар бозори дохилӣ ба Бонки марказӣ ва Бозрасии молиявии Русия - Росфинмониторинг пешниҳод кунанд. Дафтари матбуоти Девони вазирон тавзеҳ дода буд, ки тибқи фармони президент аз 16 октябр содиркунандагон муваззаф шудаанд, ки на камтар аз 80%-и даромади асъориро дар давоми 60 рӯзи ворид шудан ба суратҳисобҳо дар Русия ба фурӯш гузоранд. Муқаррар шудааст, ки на камтар аз 90%-и маблағҳои мазкур бояд дар бозори дохилии Русия фурӯхта шавад.
https://sputnik.tj/20230925/rusiya-dastgiri-qurbi-rubl-rohi-chin-1059583925.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048690112_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_87b4fef1499144276f3a5d9dd30e282c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб, рубл, доллар, боло, поин, афзоиш, арзоншавӣ
қурб, рубл, доллар, боло, поин, афзоиш, арзоншавӣ
Баъди фармони Путин: қурби рубл дар Русия майли афзоиш кард
11:17 24.10.2023 (Навсозишуда: 12:31 24.10.2023) Бар асоси додаҳои фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори пули Маскав нархи доллар, рубл, евро ва юан поин рафта, арзиши рубл баъди арзоншавӣ рӯ ба афзоиш ниҳодаст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Қурби доллар аввалин бор дар давоми 1,5 моҳи охир аз 94 рубл поин рафт, бармеояд аз додаҳои биржаи Маскав. Тибқи омори ин ниҳод, охирин бор чунин қурб 12 сентябри соли равон ҷой дошт.
Бар асоси додаҳои биржаи Маскав, қурби асъори амрикоӣ 53 копейк кам шуда, 93,9 рублро ташкил дод.
Қурби юан 5 танга поин шуда ба 12,83 рубл ва евро то 100,37 рубл кам шудаст.
Ин поинравӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки ахиран раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи баргардонидани ҳатмии даромади як қатор ширкатҳо бо асъори хориҷӣ ва фурӯши он дар бозори дохилиро имзо кард.
Муҳлати татбиқи муқаррароти фармон 6 моҳ муқаррар шуда, интизор меравад, ки то ҳадде устувории рублро таъмин мекунад.
Дар баробари ин, ширкатҳои алоҳида вазифадоранд, ки нақша ва ҷадвали хариду фурӯши асъори хориҷиро дар бозори дохилӣ ба Бонки марказӣ ва Бозрасии молиявии Русия - Росфинмониторинг пешниҳод кунанд.
Дафтари матбуоти Девони вазирон тавзеҳ дода буд, ки тибқи фармони президент аз 16 октябр содиркунандагон муваззаф шудаанд, ки на камтар аз 80%-и даромади асъориро дар давоми 60 рӯзи ворид шудан ба суратҳисобҳо дар Русия ба фурӯш гузоранд.
Муқаррар шудааст, ки на камтар аз 90%-и маблағҳои мазкур бояд дар бозори дохилии Русия фурӯхта шавад.