Русия барои дастгирии қурби рубл метавонад бо роҳи Чин биравад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМинистр экономического развития РФ Максим Решетников
Министр экономического развития РФ Максим Решетников  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисоди Русия дар ҷаласаи Шӯрои Федератсия дастгирии қурби рублро баррасӣ карда, гузинаи чиниро барои нигоҳдории нархи пули миллӣ пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Барои ба эътидол овардани қурби рубл, танҳо баргардонидани фурӯши даромади гирифта бо асъори хориҷӣ кифоя нест.
Ин нуктаро вазири рушди иқтисоди Русия, Максим Решетников, дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия изҳор дошт.
Вазир чунин мешуморад, ки дар шароити феълӣ барои ҳалли масоили марбути қурби пули миллӣ, аз роҳҳалҳои мураккабтаре бояд кор гирифт.
Аз ҷумла, ӯ пешниҳод кардааст, ки гузинаи модели чинӣ барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ баррасӣ шавад.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2023
Президенти Русия қурби рублро тавзеҳ дод
Ба гуфтаи Решетников, сухан дар бораи як навъ мембрана ё пайвандие чандирие байни бозорҳои дохилӣ ва хориҷии рубл меравад.
"Аммо ин танҳо мавқеи мост ва онро бо Бонки марказӣ баррасӣ мекунем", - изҳор дошт вазири рушди иқтисоди Русия.
Роҳбари Вазорати рушди иқтисод афзуд, ки феълан дар Русия барои интиқоли пули миллӣ ба хориҷа маҳдудият вуҷуд надорад, аз ин рӯ, рубл зиёд мешавад, ки "ба бозиҳои асъорӣ алайҳи рубл ҷалб хоҳанд шуд".
Вай зарур хонд, ки Русия, бояд василаи лозимеро ҷустуҷӯ кунад, ки метавонад ин вазъро ҳал бисозад.
Лентаи хабарҳо
0