https://sputnik.tj/20231024/cherevchenko-intizori-bozi-persepolis-1060119355.html
Черевченко интизорияшро аз бозӣ бо "Персеполис" гуфт
Черевченко интизорияшро аз бозӣ бо "Персеполис" гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе, ки феълан барои анҷоми бозӣ бо тими "Персеполис" дар Теҳрон қарор дорад, интизориҳояшро аз бозӣ баён дошт
2023-10-24T12:01+0500
2023-10-24T12:01+0500
2023-10-24T12:02+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
бозӣ
эрон
тим
даста
қаҳрамон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054258040_0:144:1560:1022_1920x0_80_0_0_f1a729fcf02d589cc14e10aecdf94f7d.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол"-ро бозии хеле душвор бо дастаи "Персеполис" интизор аст, чун ҳама барои имтиёз талош доранд. Ин нуктаро сармураббии дастаи "Истиқлол", Игор Черевченко зимни нишасти матбуотии қабл аз бозӣ баён дошт. "Вазъият чунин аст, ки ба ҳама ҳоло имтиёз ва ба ҳама ғалаба лозим аст. Мо баъд аз бозӣ сӯҳбат хоҳем кард, ки бозӣ чӣ гуна хоҳад буд", - гуфт ӯ. Сармураббии тими душанбегӣ афзуд,қудрати "Персеполис"-ро медонад, ки як дастаи хеле қавӣ мебошад. "Рақибон мисли дастаҳои дигар ситора надоранд, вале хеле мутаносиб амал мекунанд. Дар хатхо амалан ягон нуқтаи заиф нест ва онҳо дар майдон чӣ кор карданро хуб медонанд”, - илова намуд Черевченко.Сармураббии дастаи "Персеполис", Яҳёи Гулмуҳаммадӣ низ бо истиқбол аз тими Душанбе эҳтиромашро ба ин даста баён дошт, ки бозии хуби дифоӣ дорад. Бозии ин ду тим шоми 24 октбяр дар варзишгоҳи "Озодӣ" -и шаҳри Теҳрон баргузор мегардад. Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Муҳаммад Қосим Саррай аз Ироқ хоҳад буд. Бозии қаблии "Истиқлол" дар доираи лигаи қаҳрамонҳои қораи Осиё бо тими "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ буд, ки бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони арабӣ анҷом ёфт.
https://sputnik.tj/20231017/darvozaboni-tojik-janjol-oshti-ronaldu-1059994931.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054258040_4:0:1557:1165_1920x0_80_0_0_c0cfc46a34dfd7cc88fbb56792beb749.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, натиҷа, бозӣ, персеполис, теҳрон, эрон, душанбе, истиқлол
эълон, натиҷа, бозӣ, персеполис, теҳрон, эрон, душанбе, истиқлол
Черевченко интизорияшро аз бозӣ бо "Персеполис" гуфт
12:01 24.10.2023 (Навсозишуда: 12:02 24.10.2023) Сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе, ки феълан барои анҷоми бозӣ бо тими "Персеполис" дар Теҳрон қарор дорад, интизориҳояшро аз бозӣ баён дошт
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол"-ро бозии хеле душвор бо дастаи "Персеполис" интизор аст, чун ҳама барои имтиёз талош доранд.
Ин нуктаро сармураббии дастаи "Истиқлол", Игор Черевченко зимни нишасти матбуотии қабл аз бозӣ баён дошт.
"Вазъият чунин аст, ки ба ҳама ҳоло имтиёз ва ба ҳама ғалаба лозим аст. Мо баъд аз бозӣ сӯҳбат хоҳем кард, ки бозӣ чӣ гуна хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Сармураббии тими душанбегӣ афзуд,қудрати "Персеполис"-ро медонад, ки як дастаи хеле қавӣ мебошад.
"Рақибон мисли дастаҳои дигар ситора надоранд, вале хеле мутаносиб амал мекунанд. Дар хатхо амалан ягон нуқтаи заиф нест ва онҳо дар майдон чӣ кор карданро хуб медонанд”, - илова намуд Черевченко.
Сармураббии дастаи "Персеполис", Яҳёи Гулмуҳаммадӣ низ бо истиқбол аз тими Душанбе эҳтиромашро ба ин даста баён дошт, ки бозии хуби дифоӣ дорад.
Бозии ин ду тим шоми 24 октбяр дар варзишгоҳи "Озодӣ" -и шаҳри Теҳрон баргузор мегардад. Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Муҳаммад Қосим Саррай аз Ироқ хоҳад буд.
Бозии қаблии "Истиқлол" дар доираи лигаи қаҳрамонҳои қораи Осиё бо тими "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ буд, ки бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони арабӣ анҷом ёфт.