Бозии рӯз: "Истиқлол" бо "Персеполис"-и Эрон вориди сабқат мешавад

© Фото : Пресс-служба ФК "Истиклол"Футболисты ФК "Истиклол" на сборах в Турции
Футболисты ФК Истиклол на сборах в Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Обуна шудан
Бозии тимҳои футболи Тоҷикистон ва Эрон рӯзи 24 октябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон баргузор мешавад, хабар медиҳад ФФТ-и ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар гуруҳи "Е" байни бошгоҳҳои "Персеполис" ва "Истиқлол" дар Теҳрон баргузор мешавад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки бозии дастаҳои футболи Тоҷикистону Эрон шоми имрӯз 24 октябр баргузор мешавад.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Озодӣ" баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Голкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Ҷанҷоли Рустаму Роналду: дарвозабони тоҷик танишу оштияш бо Криштиануро шарҳ дод
Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Муҳаммад Қосим Саррай аз Ироқ хоҳад буд.
Бозии қаблии "Истиқлол" дар доираи лигаи қаҳрамонҳои қораи Осиё бо тими "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ буд, ки бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони арабӣ анҷом ёфт. Дар бозии аввалаш зидди "Алдуҳайл"-и Қатар мусовӣ кард.
Тими "Персполис" бошад, бозии аввалашро бар "Аннаср" бохт ва дар рақобати дуввум "Алдуҳайл"-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Лентаи хабарҳо
0