Беморхонаҳои Душанбе ба зимистон омодаанд?

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевБольница Истиклол
Больница Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Обуна шудан
Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар мавриди тадбирҳои сари вақт омода намудани муассисаҳои табобатӣ барои фаъолияти мунтазам барои зимистон гузориш додаст
ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе гузориш дод, ки дар пойтахт 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият доранд, ки манбаи таъминашон бо гармӣ дар фасли зимистон мушаххас шудааст.
Ба иттилои мақомоти тандурустӣ, бар асоси қарори раиси Душанбе дар мувофиқа бо Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии пойтахт 52 муассисаи табобатию пешгирии сохтори раёсати тандурустӣ барои қабули неруи гармӣ дар мавсими гармидиҳии солҳои 2023-2024 ба нақша гирифта шудаанд, навиштааст нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият”.
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2023
Аз ғизо то сӯзишворию маводи зиддилағжиш: Тоҷикистон ба зимистонгузаронӣ омода мешавад
Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла 44 муассиса аз ҳисоби гармии мутамарказ ва 8 муассисаи дигар аз ҳисоби 3 дегхонаҳои локалӣ гарм карда мешаванд.
“Аз муассисаҳои ба нақшаи қабули неруи гармии мутамарказ вориднагашта 1 муассиса аз ҳисоби 1 бойлер, 8 муассиса аз ҳисоби радиаторҳои барқии равғанӣ дар мавсими сармо бо гармӣ таъмин мешавад”, - омадааст дар матлаб.
Зикр гардид, ки муассисаҳои сохтор бо воситаҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда таъмин буда, тибқи талабот ҳар сол аз назорати мутахассисони марбута гузаронда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи омори расмӣ дар Душанбе 18 беморхонаи шаҳрӣ, 15 маркази саломатии шаҳрӣ ва 4 дармонгоҳи дандонпизишкӣ, 8 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва стансияҳои дезинфексионӣ, 12 маркази соҳавӣ ва 4 маркази фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0