https://sputnik.tj/20231010/tojikiston-zimistonguzaron-omoda-meshavad-1059872867.html
Аз ғизо то сӯзишворию маводи зиддилағжиш: Тоҷикистон ба зимистонгузаронӣ омода мешавад
Аз ғизо то сӯзишворию маводи зиддилағжиш: Тоҷикистон ба зимистонгузаронӣ омода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
То якуми сентябри соли равон аллакай захираи маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, сӯзишворӣ ва маводи зиддилағзиш ҷамъоварӣ шудааст
2023-10-10T09:41+0500
2023-10-10T09:41+0500
2023-10-10T10:20+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
зимистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054125996_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_6bedbbd1b05e0ca56e259e2f76fc8459.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ феълан 24 153 метри мукааб маводи зиддилағжиш ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад агентии "Ховар".Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 14 ҳазор литер сӯзишвории дизелӣ, 55 тон ангишт ва 237 метри мукааб ҳезум барои зимистонигузаронӣ захира шудааст.Ҳамчунин барои нигоҳ доштани ҳолати хуби роҳҳои автомобилгард, ҳоло 455 техника дар ҳолати омодабош қарор доранд.Барои пурра омода шудан ба тирамоҳу зимистонгузаронӣ дар иншоотҳои энергетикӣ корҳои таъмиру барқароркунӣ сурат гирифта, ҳамчунин ба бинову иншоотҳоро ба шабакаҳои гармидиҳӣ васл намуданд.Барои паси сар кардани тирамоҳ ва зимстон дар ҷумҳурӣ ҳоло беш аз 46 ҳазор тон орд, 17 677 тон равған, биринҷ 17 135 тон, шакар 13 810 тон, картошка 44 356 тон, пиёз 25 451 тон захира нигоҳ дошта шудааст.Маврид ба зикр аст, ки маълумоти оморӣ то 1 сентябр буда, ҷараёни захираи озуқаворӣ ва маводи сӯхт тибқи нақша то 1 ноябр пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20230926/rahmon-raison-oila-ghizo-zakhira-1059613843.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054125996_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_1acdb7970af41369138d24fd13972ded.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зимистон тоҷикистон омода
зимистон тоҷикистон омода
Аз ғизо то сӯзишворию маводи зиддилағжиш: Тоҷикистон ба зимистонгузаронӣ омода мешавад
09:41 10.10.2023 (Навсозишуда: 10:20 10.10.2023) То якуми сентябри соли равон аллакай захираи маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, сӯзишворӣ ва маводи зиддилағзиш ҷамъоварӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ феълан 24 153 метри мукааб маводи зиддилағжиш ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 14 ҳазор литер сӯзишвории дизелӣ, 55 тон ангишт ва 237 метри мукааб ҳезум барои зимистонигузаронӣ захира шудааст.
Ҳамчунин барои нигоҳ доштани ҳолати хуби роҳҳои автомобилгард, ҳоло 455 техника дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Барои пурра омода шудан ба тирамоҳу зимистонгузаронӣ дар иншоотҳои энергетикӣ корҳои таъмиру барқароркунӣ сурат гирифта, ҳамчунин ба бинову иншоотҳоро ба шабакаҳои гармидиҳӣ васл намуданд.
Барои паси сар кардани тирамоҳ ва зимстон дар ҷумҳурӣ ҳоло беш аз 46 ҳазор тон орд, 17 677 тон равған, биринҷ 17 135 тон, шакар 13 810 тон, картошка 44 356 тон, пиёз 25 451 тон захира нигоҳ дошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки маълумоти оморӣ то 1 сентябр буда, ҷараёни захираи озуқаворӣ ва маводи сӯхт тибқи нақша то 1 ноябр пешбинӣ гардидааст.