Вазири дифои Тоҷикистонро дар Боку чӣ гуна пешвоз гирифтанд?

Обуна шудан
Вазири дифои Тоҷикистонро дар Озарбойҷон бо роҳрави сурх, қаровули фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар пешвоз гирифтанд
Ҳайати баландпояи низомӣ, таҳти роҳбарии вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо вориди Озарбойҷон шуда, бо ҳамтои озарияш, Зокир Ҳасанов мулоқот анҷом дод.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Озарбойҷон, Шералӣ Мирзо аз ҷумла дар Хиёбони дафни фахрӣ ба пояи муҷассамаи пешвои миллати озар, Ҳайдар Алиев ва олими барҷастаи чашмшинос, академик Зарифа Алиева гулчанбар гузошта, сипас аз Хиёбони Шаҳидон дидан намудаст.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамчунин дар назди Оташи ҷовидон дар Боку гулчанбар гузоштаст.
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳанд
Шералӣ Мирзо дар мулоқот бо ҳамтои озарияш бо изҳори миннатдорӣ ба ҷониби мизбон барои пазироӣ таъкид кардааст, ки чунин мулоқотҳо аз нигоҳи густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ хеле муҳим мебошанд.
Дар мулоқот аз ҷумла аҳамияти мубодилаи таҷриба дар соҳаи рушди артиш ва дар соҳаи ҳарбию техникӣ махсусан таъкид гардид.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ, ҳарбӣ-таълимӣ ва ғайра ва як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0