Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳанд

© Фото : Министерство обороны ТаджикистанаТаджикистан и Иран расширяют военное сотрудничество
Таджикистан и Иран расширяют военное сотрудничество - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Обуна шудан
Натоиҷи рӯзи аввали музокироти вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои ӯ аз Эрон, ки бо як сафари расмӣ ба Душанбе омада буд, маълум шуд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммадризо Оштиёнӣ мулоқот кард..
Дар ин бора аз вазорати дифоъи ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор вазирон масоили марбут ба рушди минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва вазъи кунунии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Илова бар ин, дар бораи нақшаҳое, ки ду кишвар дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои муассири низомӣ ва густариши равобити низомиву фаннӣ амалӣ мекунанд, суҳбат карданд.
Визит министра обороны РФ С. Шойгу в Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Оштиёнӣ дар Душанбе: вазири дифои Эрон бо роҳбарияти Тоҷикистон музокирот мекунад
Онҳо ҳамчунин табодули иттилоот ва омӯзиш дар муборизаи муштарак бо терроризмро муфассал баррасӣ карданд.
Роҳбарони вазоратҳои дифои ҳарду кишвар дар робита ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар арсаи низомии Тоҷикистону Эрон аз комёбиҳои бадастомада таъкид карданд.
Ёдовар мешавем, ки вазири дифои Эрон рӯзҳои 17 октябр вориди душанбе шуд ва сафари ӯ то 18- ум идома мекунад.
Лентаи хабарҳо
0