Таътили тирамоҳии хонандагони тоҷик чанд рӯз давом мекунад

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПервоклассница в школе №16 города Душанбе.
Первоклассница в школе №16 города Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон рабт дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои таълимӣ машғул хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз 1 то 10-уми ноябр таътили тирамоҳӣ хоҳад буд.
Дар ин бора Наврӯз Ҷумъазода, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон таътили даҳрӯзаи тирамоҳӣ мебароянд.
Ин масъули Вазорати маориф таъкид намуд, ки таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон дахл дорад.
"Таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд", - тавзеҳ дод ӯ.
Дар Тоҷикистон барои хонандагон ҳар фасл таътил пешбинӣ шуда, тирамоҳӣ аз 1 то 10 ноябр, зимистона аз 1 то 10 январ, баҳор аз 25 то 31 март ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август давом мекунад.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Рушди босуръати соҳаи маориф дар Хатлон
Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд.
Дар рӯзҳои таътили тирамоҳӣ даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он ширкат хоҳанд кард. Сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва аллакай дар таътили тирамоҳӣ олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0