Ҷамъбасти мусобиқаи пахтачинҳо дар Суғд: Кӣ пирӯз шуд?

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСбор хлопка, архивное фото
Сбор хлопка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Обуна шудан
Роҳбарияти вилояти Суғд барои ҷамъоварии беталафи пахта дар мавсими ҷорӣ миёни пахтачинҳо мусобиқа эълон кардааст, ки ҳар 20-рӯза натиҷаашро ҷамъбаст мекунад
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ дар вилояти Суғд ноҳияи Спитамен ғолиб гардида, кишоварзони ноҳия то ҳол беш аз 9,8 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки наздики 65%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки ҷамъбасти мусобиқа бо иштироки раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.
Вай таъкид кардаст, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодии вилоят ба шумор рафта, рушди минбаъдаи он ба таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми ватанӣ, зиёд гардидани ҳаҷми содирот, воридоти асъори хориҷӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷои корӣ мусоидат менамояд.
Мусобиқа бо мақсади беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2023 эълон гардида, ҳар бистрӯза ғолиб эълон ва бо мукофоти ҳукумати Суғд қадрдонӣ мешавад.
Пахтакорони тоҷик дар бораи суду зиёни шуғлашон гуфтанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Гилаи пахтакорони тоҷик аз даромадашон: харҷу заҳмат зиёду фоида кам - видео
Дар бистрӯзаи навбатӣ мақоми дуюмро пахтакорони ноҳияи Ашт соҳиб шуданд, ки то ҳол наздики 11,5 ҳазор тон пахта ҷамъ овардаанд, ки зиёда аз 80%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар зимн ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дар​ бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ беҳтарин ҷамоат дониста шуд.
Баробари ин Мирмаҳмад Сафаров - механизатор аз хоҷагии деҳқонии “Меъроҷ”-и деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод, ки дар мавсими имсола беш аз 60 тонна пахта ҷамъоварӣ намудааст, ғолиби мусобиқа ва “Механизатори беҳтарин” дониста шуд. ​
Раиси вилоят ба роҳбарони навоҳии пахтакор дастур дод, ки​ саҳмдорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳашарчиён дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили фаровони пахта фаъолона ширкат варзида, талош кунанд, ки ҳосил пурра ҷамъ оварда шавад.
Лентаи хабарҳо
0