Дар Самара теъдоди муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон мераванд, эълон шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2023
Обуна шудан
Вилояти Самара омори афзоиши шумори муҳоҷиронро дар шаш моҳи соли ҷорӣ нашр кард ва маълум шуд, ки чанд тоҷикистонӣ барои муҳоҷирот ин вилоятро интихоб кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Соли 2023 беш аз 7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба вилояти Самара омадаанд.
Чунин маълумотро расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба Самарастат нашр намудаанд.
Тибқи маълумоти омори расмӣ афзоиши умумии муҳоҷирон дар Самара ва вилоят беш аз 7,3 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Тибқи маълумот, қисми зиёди меҳмонон аз қаламрави кишварҳои узви ИДМ ворид шудаанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Зиёда аз 3,7 хазор нафар сокинони Тоҷикистон хоҳишманди кӯчидан ба ин вилояти Русия доштаанд.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия афзудааст: Шарҳи мақомот
Ҳамчунин 717 муҳоҷир аз Қазоқистон, 709 нафар аз Арманистон, 678 нафар аз Ӯзбекистон ва 552 нафар аз Қирғизистон омадаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия бояд қаблан Вазорати корҳои дохилии Русияро дар бораи кор дар ин кишвар огоҳ кунанд. Ҳуҷҷати дахлдор дастӣ ва ё компютерӣ бояд пур карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0