https://sputnik.tj/20231013/ikhroj-muhojironi-tojik-rusiya-afzudaast-sharhi-maqomot-1059934110.html
Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия афзудааст: Шарҳи мақомот
Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия афзудааст: Шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳушдор додааст, ки бино бар ҳузури расмиёти қонунӣ ки риоя намешавад ихроҷи шаҳрвандон афзудааст
2023-10-13T12:59+0500
2023-10-13T12:59+0500
2023-10-13T12:59+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
ихроҷ
муҳоҷирони корӣ
танзим
қавонин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042678582_0:127:3191:1921_1920x0_80_0_0_1d5285630d3dd40c58c759b9979b7305.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки ихроҷи маъмурии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия афзудааст.Мақомот бори дигар ба муҳоҷирон хабар додааст, ки Қарори Ҳукумати Русия "Дар бораи тасдиқи Рӯйхати ҳудудҳои танзимшавандаи Русия барои сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ" мавриди амал қарор дорад.Мақомот шарҳ дод, ки мутобиқи Қарори мазкур, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба минтақаҳои мазкур, бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат, ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, инчунин ҷалб ба фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди ин минтақаҳо аз ҷониби ташкилотҳои қабулкунанда дар мувофиқа бо мақомоти амнияти Русия дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилотҳои қабулкунанда сурат мегирад.Қайд карда шудааст, ки ташкилотҳои қабулкунанда, ин мақомоти идоракунии давлатии Русия ва ҷумҳуриҳои ин кишвар, мақомоти ҳокимияти иҷроияи минтақаҳо, вилоятҳо, ташкилотҳои мухтор, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳо, корпорасияҳо, концернҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд.Мақомот таъкид кардааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудудҳои танзимшаванда қарор дошта, иҷозати дахлдор надоранд ва низоми муқаррарнамудаи будубош дар Россияро вайрон мекунанд, мутобиқи қавонини ин кишвар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.“Муҳоҷирон дар ҳаҷми аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима ва бо ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Русия татбиқ мегардад”, - қайд кард намояндагӣ.Мақомот ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки талаботи қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.
https://sputnik.tj/20230713/namoyandagi-markazi-muhojirat-khatlon-1058254046.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042678582_229:0:2960:2048_1920x0_80_0_0_b2112e9da51da62dfa297103302b1021.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, тоҷикистон, муҳоҷирони тоҷик, расмиёт, ихроҷ, мақомот, шарҳ
русия, муҳоҷират, тоҷикистон, муҳоҷирони тоҷик, расмиёт, ихроҷ, мақомот, шарҳ
Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия афзудааст: Шарҳи мақомот
Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳушдор додааст, ки бино бар ҳузури расмиёти қонунӣ ки риоя намешавад ихроҷи шаҳрвандон афзудааст
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки ихроҷи маъмурии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия афзудааст.
Мақомот бори дигар ба муҳоҷирон хабар додааст, ки Қарори Ҳукумати Русия "Дар бораи тасдиқи Рӯйхати ҳудудҳои танзимшавандаи Русия барои сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ" мавриди амал қарор дорад.
Мақомот шарҳ дод, ки мутобиқи Қарори мазкур, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба минтақаҳои мазкур, бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат, ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, инчунин ҷалб ба фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди ин минтақаҳо аз ҷониби ташкилотҳои қабулкунанда дар мувофиқа бо мақомоти амнияти Русия дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилотҳои қабулкунанда сурат мегирад.
Қайд карда шудааст, ки ташкилотҳои қабулкунанда, ин мақомоти идоракунии давлатии Русия ва ҷумҳуриҳои ин кишвар, мақомоти ҳокимияти иҷроияи минтақаҳо, вилоятҳо, ташкилотҳои мухтор, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳо, корпорасияҳо, концернҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд.
Мақомот таъкид кардааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудудҳои танзимшаванда қарор дошта, иҷозати дахлдор надоранд ва низоми муқаррарнамудаи будубош дар Россияро вайрон мекунанд, мутобиқи қавонини ин кишвар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
“Муҳоҷирон дар ҳаҷми аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима ва бо ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Русия татбиқ мегардад”, - қайд кард намояндагӣ.
Мақомот ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки талаботи қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.