Шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Кургани Русия интизори бозгашт ба Ватан ҳастанд

© Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия Тоҷикон дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии шаҳри Курган Русия
Тоҷикон дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии шаҳри Курган Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2023
Обуна шудан
Намояндагони мақомоти Тоҷикистон бо шаҳрвандони кишвар, ки дар Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии шаҳри Курган Русия ҳастанд дидан карданд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Роҳбари созмони ҷамъиятии тоҷикони муқими шаҳру вилояти Кургани Русия “Ватан" Муҳаммадалӣ Абдурашидзода Фозилов аз ҳолу авзои бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Курган Русия хабар гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар миёни бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ 10 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Роҳбари диаспораи маҳаллии тоҷикон бо ҳамватанон суҳбат карда, барои онҳо ва боз 40 нафар бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони ҷамоҳири Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дастархон оростанд.
Мулоқоти Акрам Сулаймонзода  бо муовини директори генералии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Намояндагии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар вилояти Хатлон кай боз мешавад?
Бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, изҳор карданд, ки аз ҳолу авзояшон ягон арзу шикоят надоранд ва мунтазири бозгашт ба Ватан мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0