Роҳи Ҳулбук - Темурмалик - Кангурт ба истифода дода шуд: президент баҳои баланд дод

© Sputnik Окраины города Душанбе
Окраины города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Лоиҳаи таҷдиди ин роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо мақсади таъмини ҳаракати бемонеа ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафараш ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук - Темурмалик - Кангуртро расман ифтитоҳ намуданд.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил дода, дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.
"Дар ин масир 76 қубури обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, пойдеворҳои муҳофизатӣ, 5 пули мошингузар сохта шуда, дар асоси лоиҳа хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ, чароғҳо ва дигар иншооти зарурӣ мутобиқ ба лоиҳа кашида шудааст",- афзудааст манбаъ.
Корҳои сохтмониву навсозӣ дар роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё анҷом ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи нақлиётгарди Ҳулбук Темурмалик - Кангурт 1-уми ноябри соли 2021 оғоз гардида буд.
Таъмири роҳи Адрасмон-Гулистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Таъмири роҳи Адрасмон-Гулистон бо ташаббуси сокинону саховатмандон ва соҳибкорони ватанӣ
Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум, Ҳулбук – Темурмалик 33,4 км, марҳилаи дуюм Темурмалик – Кангурт 25,17 км-ро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо, ки ширкати чинии "China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co" анҷом дод, баҳои баланд додааст.
Лентаи хабарҳо
0