Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин аз ситоди артиши Русия дар Ростови лаби Дон хабар гирифт – видео

Обуна шудан
Раҳбари ситоди кулли артиши Русия генерали артиш Валерий Герасимов ба раҳбари Русия дар бораи ҷараёни амалиёти вижа пурра гузориш дод
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз қароргоҳи Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар Ростови лаби Дон боздид кард.
Дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар додааст.
“Президент Путин аз Перм баргашт, дар Ростов таваққуф кард ва дар онҷо аз қароргоҳи артиши Русия дидан кард", - гуфт ба хабаргузории РИА “Новости” Песков.
Дар он ҷо, ба гуфтаи вай, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, генерали артиш Валерий Герасимов ба президент дар бораи ҷараёни амалиёти вижа гузориш дод ва “ҳамчунин суҳбатҳои дигар бо намояндагони раҳбарияти баландпояи вазорат оид ба мудофиа сурат гирифт".
Артиши Русия дар як шабонарӯз се ҷанганда ва 31 паҳподи украиниро нобуд кард
"Ба ҳама фармондеҳон салом гӯед. Саломат бошед", - гуфт Путин пас аз сӯҳбат бо Герасимов.
Ёдовари мекунем, ки нерӯҳои украинӣ моҳи панҷум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запороже амалиёти ҷавобӣ анҷом дода, ба бригадаҳои ҷангие, китаҳти сарварии дастурдиҳандаҳои НАТО тамрин кардаанд ва бо таҷҳизоти хориҷӣ мусаллаҳ шудаанд, партоб мекунанд.
Путин аз "бохт" дар Украина, зарурати музокирот ва дахолати мустақими ИМА гуфт
Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин гуфт, ки аз 4 июн нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 90 ҳазор нафар, 557 танк ва қариб 1900 мошини зиреҳпӯшро талаф додаанд.
Лентаи хабарҳо
0