Эрону Тоҷикистон тавсеаи равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд

© МИД ТаджикистанаМулоқоти вазир бо муовини вазири корҳои хориҷии Эрон
Мулоқоти вазир бо муовини вазири корҳои хориҷии Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2023
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дурнамои тавсеаи ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Эрон Алӣ Боқирӣ, ки имрӯзҳо дар Душанбе аст, дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Зимни мулоқоти тарафҳо ҳолат ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.
Поднимающийся дым после израильского авиаудара по сектору Газа, наблюдаемый с юга Израиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2023
Вокуниши сафорати Эрон дар Тоҷикистон бар бомбборони беморхонаи Ғазза
Алӣ Боқирӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон барои баргузории аввалин нишасти кумитаи ройзаниҳои сиёсии миёни Ҷумҳурии исломӣ ва Тоҷикистон ба Душанбе пойтахти Тоҷикистон сафар карда аст.
Сафорати Эрон хабар додааст, ки дар мулоқот бо вазири тоҷик тарафҳо бо ишора ба азми ҷаддии сарони ду кишвар бар тақвияти ҳарчи бештари равобити фимобин, заминаҳои тавсеаи муносиботу ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои гуногун мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор доданд.
Ҳамчунин дар хусуси охирин вазъияти таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳаввулоти ҷории Ғазза ва ҳамчунин авзоъи Афғонистон гуфтугӯ шуд.
Лентаи хабарҳо
0