https://sputnik.tj/20231020/vokunishi-saforat-eronr-tojikiston-bomboroni-ghazza-1060056890.html
Вокуниши сафорати Эрон дар Тоҷикистон бар бомбборони беморхонаи Ғазза
Вокуниши сафорати Эрон дар Тоҷикистон бар бомбборони беморхонаи Ғазза
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар як баёнияе ҳамлаи Исроил ба бемористони "Алмаъмадонӣ" дар Ғаззаро ҷинояти ҷангӣ унвон кард
2023-10-20T12:22+0500
2023-10-20T12:22+0500
2023-10-20T21:00+0500
дар тоҷикистон
исроил
ғазза
вокуниш
сафорат
бомборон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060022732_0:257:3072:1985_1920x0_80_0_0_792cb128696ecb2b5002a8fae2551db8.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Намояндагии Эрон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳамлаи Исроил ба бемористони "Алмаъмадонӣ" дар Ғаззаро маҳкум кард .“Мардуми дунё шоҳиди ҳамлаи Исроил ба бемористони “Алмаъмадони”-и Ғазза бо истифода аз бомбҳои амрикоӣ буданд, ки мунҷар ба шаҳодати садҳо тан аз занону кӯдакон ва шаҳрвандони ғайринизомии Фаластин шуд”, - омадааст дар баёния.Сафорат ин иқдомро қатъиона маҳкум кардааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ҳамла ба беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластинро, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум кард.Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасалият ва ба захмиён шифои комил хоста, амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум кардааст.Душанбе ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват кард.
https://sputnik.tj/20221104/zarba-artish-isrjil-gazza-video-1052629201.html
исроил
ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060022732_137:0:2868:2048_1920x0_80_0_0_2c8a06147d0e6053600652765ec0c9fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафорат, эрон, тоҷикистон, вокуниш, бомборон, ғазза, исроил
сафорат, эрон, тоҷикистон, вокуниш, бомборон, ғазза, исроил
Вокуниши сафорати Эрон дар Тоҷикистон бар бомбборони беморхонаи Ғазза
12:22 20.10.2023 (Навсозишуда: 21:00 20.10.2023) Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар як баёния ҳамлаи Исроил ба бемористони "Алмаъмадонӣ" дар Ғаззаро ҷинояти ҷангӣ унвон кард
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Намояндагии Эрон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳамлаи Исроил ба бемористони "Алмаъмадонӣ" дар Ғаззаро маҳкум кард .
“Мардуми дунё шоҳиди ҳамлаи Исроил ба бемористони “Алмаъмадони”-и Ғазза бо истифода аз бомбҳои амрикоӣ буданд, ки мунҷар ба шаҳодати садҳо тан аз занону кӯдакон ва шаҳрвандони ғайринизомии Фаластин шуд”, - омадааст дар баёния.
Сафорат ин иқдомро қатъиона маҳкум кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ҳамла ба беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластинро, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум кард.
Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасалият ва ба захмиён шифои комил хоста, амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум кардааст.
Душанбе ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват кард.