https://sputnik.tj/20231020/dastai-futbol-ravshan-finali-jomi-tojikiston-1060052341.html
Дастаи футболи “Равшан” ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад
Дастаи футболи “Равшан” ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол рақиби дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дастаи "Истиқлол"-и Душанбе хоҳад буд
2023-10-20T09:02+0500
2023-10-20T09:02+0500
2023-10-20T11:25+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
тими "равшан"
финал
ҷоми тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/17/1031945538_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_9b7220ca0c02cee738b627f99d5ada81.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ахиран бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2023 баргузор шуданд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Хатлон”.Дар доираи бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо дастаи "Хатлон"-и Бохтар рақобат намуд.Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, ки бозингарони “Хатлон” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд, аммо аз ҳисоби умумии ду бозӣ (3:2) дастаи "Равшан" ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.Голҳои дастаи "Хатлон"-ро дар ин дидор Сунатулло Азизов ва Беҳрӯз Хуҷаев дар қисми аввали бозӣ ба самар расониданд.Мавриди зикр аст, рақиби дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастаи "Истиқлол"-и Душанбе мебошад.Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи "Хатлон" баъд аз нокомии навбатӣ лигаи олиро тарк кард.“Хатлон” (номи пурра: Бошгоҳи футболи "Хатлон" Бохтар) — бошгоҳи футболи тоҷик, ки соли 1960 дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтааст. Яке аз дастаҳои футболии машҳуру пурифтихори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20231016/dasta-khatlon-liga-oliro-tark-kark-kard-1059974083.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/17/1031945538_0:0:1089:817_1920x0_80_0_0_4909a0d04e07e01355e383daec5babab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, равшан, даста, футбол, ҷоми тоҷикистон, финал, ниҳоӣ, истиқлол
тоҷикистон, равшан, даста, футбол, ҷоми тоҷикистон, финал, ниҳоӣ, истиқлол
Дастаи футболи “Равшан” ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад
09:02 20.10.2023 (Навсозишуда: 11:25 20.10.2023) Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол рақиби дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дастаи "Истиқлол"-и Душанбе хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ахиран бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2023 баргузор шуданд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Хатлон”.
Дар доираи бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо дастаи "Хатлон"-и Бохтар рақобат намуд.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, ки бозингарони “Хатлон” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд, аммо аз ҳисоби умумии ду бозӣ (3:2) дастаи "Равшан" ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.
Голҳои дастаи "Хатлон"-ро дар ин дидор Сунатулло Азизов ва Беҳрӯз Хуҷаев дар қисми аввали бозӣ ба самар расониданд.
Мавриди зикр аст, рақиби дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастаи "Истиқлол"-и Душанбе мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи "Хатлон" баъд аз нокомии навбатӣ лигаи олиро тарк кард.
“Хатлон” (номи пурра: Бошгоҳи футболи "Хатлон" Бохтар) — бошгоҳи футболи тоҷик, ки соли 1960 дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтааст. Яке аз дастаҳои футболии машҳуру пурифтихори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.