Дастаи "Хатлон" Лигаи олиро тарк кард

© Бошгоҳи футболи ХатлонДастаи Хатлони Бохтар
Дастаи Хатлони Бохтар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2023
Обуна шудан
Дастаи футболи "Хатлон" баъд аз нокомии навбатӣ лигаи олиро тарк кард. Дар бозии ахираш дастаи "Хатлон"-и Бохтар бо "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дидор карда буд
ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Дар бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар гурӯҳи "Б" дастаи "Хатлон"-и Бохтар бо "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дидор анҷом дод.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор гардид, ки бозингарони дастаи "Хатлон" бо ҳисоби минималии 1:0 ноком шуданд ва шонсӣ боқӣ мондан дар Лигаи олиро аз даст доданд.
Ҳамин тавр Дастаи футболи "Хатлон" баъд аз нокомии навбатӣ лигаи олиро тарк кард.
“Хатлон” (номи пурра: Бошгоҳи футболи "Хатлон" Бохтар) — бошгоҳи футболии тоҷик, ки соли 1960 дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтааст. Яке аз дастаҳои футболии машҳуру пурифтихори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2023
Созиши Рустами Эмомалӣ бо Ҳамад бин Халиф дар мавриди рушди футбол
"Хатлон" 3 карат қаҳрамони Тоҷикистон, 2 карат барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва 1 карат барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.
Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, даста финалисти Ҷоми президенти КФО дар соли 2005 - сеюмин муҳимтарин мусобиқаи бошгоҳҳои футбол дар Осиё шудааст.
Лентаи хабарҳо
0