https://sputnik.tj/20231019/tojikiston-uzbekiston-nizom-nazorati-mehnat-takmil-1060038354.html
Тоҷикистону Ӯзбекистон низомҳои назорати меҳнатро такмил медиҳанд
Тоҷикистону Ӯзбекистон низомҳои назорати меҳнатро такмил медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти кишвар мегӯяд, баланд бардоштани назорати меҳнат дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи стандартҳои дахлдори байналмилалии меҳнат ба роҳ монда шудааст
2023-10-19T14:31+0500
2023-10-19T14:31+0500
2023-10-19T17:38+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
меҳнат
вазорат
назорат
шуғл
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/13/1060038183_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_51def0258d8f6aba751412ed955e9e75.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Мавзуи такмили низомҳои назорати меҳнат дар ду кишвари ҳамсоя ахиран дар мизи мудаввар дар мавзӯи "Такмили низоми хадамоти меҳнат дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавассути табодули дониш ва омӯзиши мутақобила бо воситаи ҳамкории ҷанубу ҷануб ва ҳамкории сеҷониба (SSTC)" баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар додаастМизи мудаввари мазкур ахиран дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои гуногун баргузор гардид.Ин ҳамоиш бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат роҳандозӣ гашта, ҳадаф тавассути табодули таҷриба такмили низоми хадамоти меҳнат маҳсуб меёбад.Дар рафти мизи мудаввар муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода таъкид дошт, ки бо дарназардошти мушкилоте, ки дар системаи хадамоти меҳнати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вуҷуд доранд, баланд бардоштани самаранокии онҳо тавассути мубодилаи иттилоот ва омӯзиши мутақобила саривақтӣ мебошад.“Баланд бардоштани назорати меҳнат дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи стандартҳои дахлдори байналмилалии меҳнат оид ба санҷиши меҳнат ва тавсияҳои пешниҳод намудаи Созмони Байналмилалии Меҳнат ба роҳ монда шудааст”, - таъкид кард оқои Давлатзода.Ҳамзамон иштирокдорони мизи мудаввар мулоҳизаҳои худро доир ба низоми назорати меҳнат, таъмин намудани бехатарии меҳнат, фароҳам овардани шароити хуби меҳнатӣ ва роҳҳои беҳтар намудани низоми меҳнатро бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ баён намуданд.
https://sputnik.tj/20230925/vaziri-mehnat-masulin-kambudiho-muhlat-dod-1059573556.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/13/1060038183_186:0:2006:1365_1920x0_80_0_0_999f93bc9784c1a2ccec51aa9b9586a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, назорат, меҳнат, такмил, мақомот,
тоҷикистон, ӯзбекистон, назорат, меҳнат, такмил, мақомот,
Тоҷикистону Ӯзбекистон низомҳои назорати меҳнатро такмил медиҳанд
14:31 19.10.2023 (Навсозишуда: 17:38 19.10.2023) Мақомоти кишвар мегӯяд, баланд бардоштани назорати меҳнат дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи стандартҳои дахлдори байналмилалии меҳнат ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Мавзуи такмили низомҳои назорати меҳнат дар ду кишвари ҳамсоя ахиран дар мизи мудаввар дар мавзӯи "Такмили низоми хадамоти меҳнат дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавассути табодули дониш ва омӯзиши мутақобила бо воситаи ҳамкории ҷанубу ҷануб ва ҳамкории сеҷониба (SSTC)" баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар додааст
Мизи мудаввари мазкур ахиран дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои гуногун баргузор гардид.
Ин ҳамоиш бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат роҳандозӣ гашта, ҳадаф тавассути табодули таҷриба такмили низоми хадамоти меҳнат маҳсуб меёбад.
Дар рафти мизи мудаввар муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода таъкид дошт, ки бо дарназардошти мушкилоте, ки дар системаи хадамоти меҳнати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вуҷуд доранд, баланд бардоштани самаранокии онҳо тавассути мубодилаи иттилоот ва омӯзиши мутақобила саривақтӣ мебошад.
“Баланд бардоштани назорати меҳнат дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи стандартҳои дахлдори байналмилалии меҳнат оид ба санҷиши меҳнат ва тавсияҳои пешниҳод намудаи Созмони Байналмилалии Меҳнат ба роҳ монда шудааст”, - таъкид кард оқои Давлатзода.
Ҳамзамон иштирокдорони мизи мудаввар мулоҳизаҳои худро доир ба низоми назорати меҳнат, таъмин намудани бехатарии меҳнат, фароҳам овардани шароити хуби меҳнатӣ ва роҳҳои беҳтар намудани низоми меҳнатро бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ баён намуданд.