https://sputnik.tj/20231019/sheru-raqsu-surud-peshvozi-rahmon-farkhor-1060043548.html
Бо шеъру рақсу суруд: Пешвози Раҳмон дар фурудгоҳи Фархор - видео
Бо шеъру рақсу суруд: Пешвози Раҳмон дар фурудгоҳи Фархор - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳ роҳбарият ва фаъолону сокинони ноҳия бо самимияти хос ва шеъру сурд пешвоз гирифтанд
2023-10-19T16:31+0500
2023-10-19T16:31+0500
2023-10-19T17:20+0500
видео
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
пешвоз
фурудгоҳ
фархор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/13/1060043377_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_684f3bb94e5a9c156045b341e733ec61.jpg
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сафар кард.Дар фурудгоҳ раисҷумҳурро роҳбарият ва фаъолону сокинони ноҳия бо суруду шеър истиқбол гирифтанд.Дар ин сафари худ раҳбари Тоҷикистон бо фаъолону соҳибкорон ва раҳбарияти ин минтақа дидору мулоқот мекунад ва чандин иншоотҳои гуногуни фарҳангву иҷтимоии муҳимро ифтитоҳ хоҳад кард.Раҳмон дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ дар марз бо Афғонистонро ба истифода додҲамчунин роҳбари кишвар дар Фархор бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мулоқот намуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар ва илмҳои дақиқу муосир, техника ва технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят намуд.
фархор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/13/1060043377_290:0:3021:2048_1920x0_80_0_0_6dabe8ebb8f0f28cdb8b2ebdca2d5728.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, эмомалӣ раҳмон, сафар, фархор, пешвоз, фурудгоҳ
видео, эмомалӣ раҳмон, сафар, фархор, пешвоз, фурудгоҳ
Бо шеъру рақсу суруд: Пешвози Раҳмон дар фурудгоҳи Фархор - видео
16:31 19.10.2023 (Навсозишуда: 17:20 19.10.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳ роҳбарият ва фаъолону сокинони ноҳия бо самимияти хос ва шеъру суруд пешвоз гирифтанд
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сафар кард.
Дар фурудгоҳ раисҷумҳурро роҳбарият ва фаъолону сокинони ноҳия бо суруду шеър истиқбол гирифтанд.
Дар ин сафари худ раҳбари Тоҷикистон бо фаъолону соҳибкорон ва раҳбарияти ин минтақа дидору мулоқот мекунад ва чандин иншоотҳои гуногуни фарҳангву иҷтимоии муҳимро ифтитоҳ хоҳад кард.
Ҳамчунин роҳбари кишвар дар Фархор бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мулоқот намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар ва илмҳои дақиқу муосир, техника ва технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят намуд.