Раҳмон дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ дар марз бо Афғонистонро ба истифода дод

© пресс-служба главы РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Обуна шудан
Ҳадафи сафари кишвардор ба минтақа шиносоӣ ба вазъи зиндагии мардум ва ба истифода додани биноҳои навсохт арзёбӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт.
Президент боздидаш аз минтақаро нахуст аз ноҳияи Фархор оғоз кард, хабар медиҳад, дафтари матбуоти вай.
Ӯ нахуст дар ноҳия бинои дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул”-ро, ки дар марз бо Афғонистон сохта шуд, боз кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон онлайнӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ба истифода дод.
Мулоқоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои навтаъйин дар мақомоти марзбонии ҷумҳурӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Аз қатъи муносиботи ғайриоинномавӣ то қочоқу терроризм: Раҳмон ба марзбонҳо чӣ гуфт
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ дар ин рӯз дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 96 манзили истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа барои 1450 нафар афсарону сарбозон шароити арзандаву шоистаи хизмату зист муҳайё карда шуд.
Гуфта мешавад, ки аз моҳи сентябри соли 2022 дар кишвар 78 иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардид ва ҳамаи он пурра дар муҳлати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи ҳарбӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуд.
Ин баландтарин нишондод дар самти бунёду ба истифода додани иншооти сарҳадӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ дар Тоҷикистон бори аввал дар соли 2023 ба ҳисоб меравад, афзудааст манбаъ.
Ҳамзамон дар назар аст, ки соли 2024, иловатан 12 дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта ба истифода дода шуда, дар тамоми хатҳои сарҳади давлатӣ мутобиқ ба талаботи зарурӣ шароити замонавӣ барои афсарону сарбозон фароҳам оварда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0