https://sputnik.tj/20231019/istehsol-mahsulot-sanoati-dushanbe-1060039488.html
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Душанбе наздик ба 3 млрд сомонӣ расид
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Душанбе наздик ба 3 млрд сомонӣ расид
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе иддао дорад, ки дар нуҳ моҳи соли равон ба андозаи қариб 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
2023-10-19T15:28+0500
2023-10-19T15:28+0500
2023-10-19T15:28+0500
дар тоҷикистон
душанбе
саноат
маҳсулоти саноат
истеҳсол
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031618782_0:100:3045:1813_1920x0_80_0_0_fce04f4097ac8977b0ee5ea477eddea8.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба андозаи қариб 3 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ 121,2%-ро ташкил медиҳад.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.Таъкид карда шудааст, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 млрду 976 млн сомонӣ расонида шуд, ки аз ин ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 68,7%, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 28,2%, саноати истихроҷи масолеҳи ғайримаъдани бинокорӣ 1,5% ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 1,6%-ро ташкил додааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вилояти Суғд гузориш дод, ки давоми 9 моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 18 млду 158 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 7,5 фоиз таъмин гардид.Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида, давоми 9 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 217 корхонаву коргоҳи нав, бо 2 ҳазору 41 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурўъ намуданд.
https://sputnik.tj/20231002/maqomoti-sugd-faoliyat-korkhona-sharh-1059716125.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031618782_186:318:2353:1943_1920x0_80_0_0_6d7a6ee40f0458734ce90483642a6700.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, маҳсулот, саноатӣ, афзоиш, истеҳсол, миллиард, сомонӣ
тоҷикистон, душанбе, маҳсулот, саноатӣ, афзоиш, истеҳсол, миллиард, сомонӣ
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Душанбе наздик ба 3 млрд сомонӣ расид
Шаҳрдории Душанбе иддао дорад, ки дар нуҳ моҳи соли равон ба андозаи қариб 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба андозаи қариб 3 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ 121,2%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Таъкид карда шудааст, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 млрду 976 млн сомонӣ расонида шуд, ки аз ин ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 68,7%, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 28,2%, саноати истихроҷи масолеҳи ғайримаъдани бинокорӣ 1,5% ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 1,6%-ро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вилояти Суғд гузориш дод, ки давоми 9 моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 18 млду 158 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 7,5 фоиз таъмин гардид.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида, давоми 9 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 217 корхонаву коргоҳи нав, бо 2 ҳазору 41 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурўъ намуданд.