https://sputnik.tj/20231002/maqomoti-sugd-faoliyat-korkhona-sharh-1059716125.html
Мақомоти Суғд сабаби фаъолият накардани 159 корхонаро шарҳ дод
Мақомоти Суғд сабаби фаъолият накардани 159 корхонаро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Ба иддаои мақомоти Суғд сабабҳои фаъолият набурдани баъзе корхонаҳои саноатӣ мавсимӣ будани фаъолият ва нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ мебошад
2023-10-02T09:02+0500
2023-10-02T09:02+0500
2023-10-02T09:02+0500
дар тоҷикистон
саноат
коргоҳ
фаъолият
суғд
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057802761_0:69:1280:789_1920x0_80_0_0_32cdccb3b30cb4ae4e23312783ec3d06.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир аз 974 корхонаи саноатӣ 815 корхона фаъолият бурда истода, 159 корхона аз фаъолият боз мондааст, дар ин бора иттилоъ додааст сомоаи “Ҷумҳурият”.Ба иттилои манбаъ, аз ҳисоби ин корхонаҳо ба маблағи 65,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол нагардид, ки ба 0,6 дарсади ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят баробар аст.“Сабабҳои фаъолият набурдани баъзе корхонаҳои саноатӣ мавсимӣ будани фаъолият, нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти онҳо ва иваз намудани самти фаъолият, ҳамчунин, баҳсҳои амволӣ мебошанд”, - қайд кардааст манбаъ.Ҳамчунин ҳукумати вилоят қайд кардааст, ки саноати вилояти Суғд бештар дар соҳаҳои сохтмон, хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркард нишондиҳандаҳои назаррас дошта, бо давлатҳои Туркия, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Чин, Канада, Италия, Арабистони Саудӣ, Беларус, Корея, Ҳиндустон ва Эрон ҳамкорӣ дорад.“Маҳсулоти саноатии вилоят ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Италия, Беларус, Арманистон, Бритониё, ИМА, Туркия ва Чин содирот мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.Дар корхонаҳои азими саноатии вилоят, ки беш аз 80-то мебошанд, 32481 нафар бо ҷойи кор таъмин аст.Қарор аст то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 705 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 14100 ҷойи кор мавриди истифода қарор бидиҳад.
https://sputnik.tj/20230924/rais-sughd-sokhtmoni-sekh-saidmurod-davlatov-1059560921.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057802761_318:96:1280:817_1920x0_80_0_0_c8b417f3a1412ba372c6597e93158508.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, корхона, коргоҳ, фаъолият накардан, шарҳ, мақомот, ашёи хом
тоҷикистон, суғд, корхона, коргоҳ, фаъолият накардан, шарҳ, мақомот, ашёи хом
Мақомоти Суғд сабаби фаъолият накардани 159 корхонаро шарҳ дод
Ба иддаои мақомоти Суғд сабабҳои фаъолият набурдани баъзе корхонаҳои саноатӣ мавсимӣ будани фаъолият ва нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир аз 974 корхонаи саноатӣ 815 корхона фаъолият бурда истода, 159 корхона аз фаъолият боз мондааст, дар ин бора иттилоъ додааст сомоаи “Ҷумҳурият”.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳисоби ин корхонаҳо ба маблағи 65,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол нагардид, ки ба 0,6 дарсади ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят баробар аст.
“Сабабҳои фаъолият набурдани баъзе корхонаҳои саноатӣ мавсимӣ будани фаъолият, нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти онҳо ва иваз намудани самти фаъолият, ҳамчунин, баҳсҳои амволӣ мебошанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин ҳукумати вилоят қайд кардааст, ки саноати вилояти Суғд бештар дар соҳаҳои сохтмон, хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркард нишондиҳандаҳои назаррас дошта, бо давлатҳои Туркия, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Чин, Канада, Италия, Арабистони Саудӣ, Беларус, Корея, Ҳиндустон ва Эрон ҳамкорӣ дорад.
“Маҳсулоти саноатии вилоят ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Италия, Беларус, Арманистон, Бритониё, ИМА, Туркия ва Чин содирот мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар корхонаҳои азими саноатии вилоят, ки беш аз 80-то мебошанд, 32481 нафар бо ҷойи кор таъмин аст.
Қарор аст то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 705 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 14100 ҷойи кор мавриди истифода қарор бидиҳад.