https://sputnik.tj/20231019/dushanbe-masala-kohish-khatar-barrasi-1060036252.html
Дар Душанбе масъалаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ мешавад
Дар Душанбе масъалаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар конфронс оид ба коҳиши хатари офатҳо масъалаҳои тағйири иқлим ва роҳҳои имконпазири рафъ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ баррасӣ мешавад
2023-10-19T12:22+0500
2023-10-19T12:22+0500
2023-10-19T12:22+0500
дар тоҷикистон
кҳф
конфронс
хатар
офати табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032631202_0:155:2937:1807_1920x0_80_0_0_b25d9752d08939e015b8e3e7cb0ab34e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Душанбе конфронс бахшида ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд. Гуфта мешавад, ки чорабинӣ бо ибтикори КҲФ рӯзи 20 октябр баргузор мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар конфронс 30 кишвари минтақаи Осиё ширкат мекунанд. Қаблан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор шуда, дар он чораҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ шуда буд. Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст раҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва раҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат кардаанд. Мавзӯи аслии ҷаласа иҷрои “Барномаи давлатии миёнамуҳлат оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2023-2028” буд. Тадбирҳои пешниҳодшуда оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ шунида шуда, аз ҷумла таъминоти илмию техникии лоиҳакашӣ ва сохтмон ҳамчун унсури коҳиш додани хатари сейсмикӣ зикр гардид. Илова бар ин, сарони вазорату идораҳои Тоҷикистон аҳамияти таъмини муассисаҳои тиббӣ ва мактабҳоро муҳим арзёбӣ карданд.
https://sputnik.tj/20230910/panohgohi-iztiror-vmkb-bunyod-1059308665.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032631202_161:0:2776:1961_1920x0_80_0_0_cfd4f86242acab001aede7d4125116ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе масъала коҳиш хатар офат табиӣ баррасӣ
душанбе масъала коҳиш хатар офат табиӣ баррасӣ
Дар Душанбе масъалаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ мешавад
Дар конфронс оид ба коҳиши хатари офатҳо масъалаҳои тағйири иқлим ва роҳҳои имконпазири рафъ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Душанбе конфронс бахшида ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки чорабинӣ бо ибтикори КҲФ рӯзи 20 октябр баргузор мешавад.
"Коршиносон масъалаҳои тағйирёбии иқлим, инчунин роҳҳои имконпазири рафъ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табииро баррасӣ хоҳанд кард", - таъкид кард манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс 30 кишвари минтақаи Осиё ширкат мекунанд.
Қаблан дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор шуда, дар он чораҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ шуда буд.
Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст раҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва раҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат кардаанд.
Мавзӯи аслии ҷаласа иҷрои “Барномаи давлатии миёнамуҳлат оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2023-2028” буд.
Тадбирҳои пешниҳодшуда оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ шунида шуда, аз ҷумла таъминоти илмию техникии лоиҳакашӣ ва сохтмон ҳамчун унсури коҳиш додани хатари сейсмикӣ зикр гардид.
Илова бар ин, сарони вазорату идораҳои Тоҷикистон аҳамияти таъмини муассисаҳои тиббӣ ва мактабҳоро муҳим арзёбӣ карданд.